Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

калони дамаш тезро ба таги манаҳи Адолат рост карда, гуфт:
– Агар ғингӣ гўӣ, аз сад як ҷонат раҳо намехўрад!
Овоз ба назари Адолат шинос намуд.
– Хўш, ку гап зан, дар бисот чиҳо дорӣ?
Адолат бо ишораи сар «ҳеҷ чиз» гуфт.
– Чӣ, забоната ғунда газид-чӣ? – суол дод суроби дуюм.
– Бозӣ накун, қанчиқча, ба хубӣ пурсида истодаам, куҷост долларҳо?
Адолат ба маънии «намедонам, шумо кадом долларҳоро дар назар доред?» китф дарҳам кашид, ки ин ғазаби кордбадастро афзуд.
– Ҳой, манҷалоқӣ, такрор мекунам, агар ҳамин хел хап шинию не, не гуфтан гирӣ, корда ба таги гулўят медавонам ва ҷўи хунро равон мекунам. Бори дигар мепурсам, канӣ долларҳо?
– Кадом доллар? – ниҳоят ба худ омада, бо овози хирросӣ пурсид Адолат.
– Худата ба нодонӣ назан! Хуб медонӣ!
– Худо занад, ки намедонам, – худро гўл вонамуд мекард Адолат.
– Ҳой, қанчиқча, қасам нахўр, ки худо мезанадат. Канӣ он долларҳое, ки шавҳарат аз Россия оварда, ба дастаки ту қапонду боз гашта рафт. Рафт, то ки боқимондаашро ҷамъ карда биёрад.
Фаҳмо? Боз савол ҳаст?
– Марҳамат, кобед, агар ёбед, ҳалолатон бод.
– Не, не, мо намекобем. Мо милиса, прокурор нестем. Санксия надорем. Агар ҷони худату ҷони бачаҳоят азиз бошад, худакат ёфта бо ду дасти адаб бароварда ба мо медиҳӣ. Дар ҳаққи тую шавҳарат як дуои ғуру ғафс мекунему оҳиста баромада меравем.
Шутури сиёҳро дидӣ ? Не!
– Гуфтам-ку, нест!
– Ба кӣ додӣ? Дар куҷо панаҳ кардӣ?
Адолат хомўш.
– Ҳой қанчиқча, аз ту пурсида истодаам. Вақта нагир, ки ба манфиати ту нест.
Боз хомўшӣ.
Қаддароз ба корд оҳиста таги гулўи Адолатро «навозиш»
кард.
– Хомўшӣ? Хомўшӣ ин марг аст! Барои он ки намурӣ, ба алови хомўшӣ равған рез.

пешина
аз 315
навбатӣ