Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар экран ҷараёни ба даст афтодану бо зўрӣ аз бадани онҳо берун кардани ҳероин нишон дода шуд, ки хеле таҳқиромезу риққатовар буд.
Дили Адолат беҳузур шуд. Базўр аз ҷой бархоста, бо кароҳат телевизорро «кушт» ва шитобон ҷониби ташноб тохт. Фурсате нагузашта, бо рангу рўи парида берун омад ва бо нияти худро лаҳзае аз ин олами дун берун кашидан магнитофонро ба кор даровард. Суруди ҳофизи мумтоз Саидқул Билолов дар ҳавои сарду хомўши хона танин андохт:

Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам,
Дар банди ҷафо бошам, дар хоки Ватан бошам…

Сурудро то ба охир гўш карда пеши назараш симои меҳрубони шавҳараш падид омад. «Вай аз ману аз фарзандон дур, аз хоки ватан берун аст. Бигзор гадо бошад, лекин дар хоки ватан бошад. Агар сиҳату саломат гашта ояд, дигар намемонам аз хона берун шавад».
Адолат аз қайди хотираҳо берун шуда ба соати деворӣ дида дўхт: даҳта кам як. «Хайр, бас будагист. Пагоҳ кор. Илоҷе карда хоб рафтан лозим. Модарам мегуфтанд, ки агар хобат набарад, кўрпаро ба сарат кашу то ҳазор ҳисоб кун. Як маҳал ҳисобро гум мекунӣ, яъне ба ҳазор нарасида, хобат мебарад…
Вай чароғи роҳравро даргиронда, ба хонаи хоби бачаҳо гузашт. Либоси болоро аз тан бадар карда, либоси сабук пўшид ва ба ҷогаҳ даромад. Чароғро хомўш карда, кўрпаро ба сар кашиду ба шумурдан даромад: «Як, ду, се… нўҳ, даҳ, ёздаҳ… понздаҳ, бист… чил, панҷоҳ…»
Садои ороми тақ-тақи дар ўро аз шумурдан боздошт. Аввал гумон кард, ки садои қубур аст. Оҳиста хеста, гўшу ҳуш шуд, то яқин кунад, ки садо аз куҷост. Боз садои туқ-туқ шунида шуд.
Ҷониби дар нигарист. Хомўшӣ. Боз туқ-туқ.
Фаҳмо. Ў хато накардааст. Касе дари ўро , аз чӣ бошад, ки беҷуръатона мекўфт.
Адолат тарсид. Рангу рўяш парида бошад ҳам, худро ба даст гирифт. Аввал ба соати девор нигарист. Яку даҳ. «Аҷиб! Дар ин як ҳисси шаб кӣ бошад? Дузд? Ғоратгар? Лекин … ин қабил одамон ин хел дар намекўбанд.

пешина
аз 315
навбатӣ