ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Аз афташ, фаҳмид, ки зўри беҳуда миён мешиканад. Сад бор шукр, аз сари роҳам як балои азим дур шуд. Маълум мешавад, ки он қадар ҷонбезор набудааст. Боз кӣ медонад? Зери коса нимкоса набошад… Оқибаташ бахайр шавад-да. Чӣ хеле ки бошад, вай маро ниҳоят дуруст фаҳмид. Фаҳмид, ки аз қафои ман поида гаштанаш беҳуда, хаёли хом. Бовар кард, ки боигарӣ надорам. Сад шукр, ки дигар афти бадашро намебинаму овози шумаш ро намешунавам».
Адолат саҳар бачаҳоро ба боғча мебурду аз он ҷо рост ба мактабаш мерафт. Чоштгоҳ ба хона омада, худро ба корҳои майда-чуйда андармон месохт. Соат, ки чор мешуд, роҳи боғчаро пеш мегирифт. Ана ҳамин тавр ҷараён дошт зиндагии вай…
Вале бечора аз куҷо медонист, ки хомўшии якшабу якрўза хомўшии қабл аз тўфон будааст. Вай ҳеҷ ба гўшаи хотир оварда наметавонист, ки ғоратгарон аз рўи нақшаи аниқ амал мекунанд.
Онҳо ба ў – ҷавонзани танҳову бесаробон фақат як шабонарўз имкон доданд, ки нафас рост кунад…
Имшаб аз чӣ бошад, ки табъаш худ ба худ хира гашт, сиёҳӣ пахш кард қалби озурдаашро. Ба чеҳраи зебояш осори ғам соя андохт. Маъюсие дар як кунҷи ниҳонхонаи замираш ноаён лона гузошт. Панҷаҳои ноаёне ба торҳои асабаш нохун мезаданд. Пешомади нохушеро эҳсос карда, хоб аз дидагонаш парида буд.
Фирўзу Фирдавс аз бозию даводави рўзона хаставу шалпар шуда, худро кайҳо ба оғўши хобаки ширин дода буданд. Тилвизиони тоҷик барномаҳои худро кайҳо ба охир расонда буд. Адолат аз тилвизиони Руссия намоиши «Қисми навбатдорӣ», намоише, ки ҳодисаҳои номатлуби дирўз ва имрўзи қаламрави Руссияро нишон медод, тамошо мекард. Вақте баранда хабар дод, ки бо кўшиши кормандони хадамоти федералии бехатарӣ ду нафар зани тоҷик бо якуним кило ҳероин дастгир шудаанд, ҷони ў ба дард даромад. Бахусус, вақте фаҳмид, ки он занҳо ин миқдор заҳри халоҳилро дар батни хеш, дар ҷои нозуки худ ҷой додаанд, қариб буд, ки фарёд занад: «Ҳой, зани бадбахти тоҷик! Туро кӣ ба ин варта тела дод? Маҷбурӣ? Нодорӣ? Камбағалӣ? Вой бар ҳоли ту, беҳтарин ва зеботарин зани дунё! Наход ту ба ҳамин дараҷа расида бошӣ, дар нозуктарин узви баданат, қимматтарин узви баданат марги сафедро ҷой додаӣ? Вазифаи ту таваллуд кардан, инсонҳои нек ба дунё овардан аст, эй бешараф. Ба номи занӣ иснод овардӣ…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё