ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Худат медонӣ, шаҳр нотинҷ, дузду бангӣ лав задагӣ. Инсонро ба инсон раҳме намондааст. Хайрият, ки шумоҳона бо чор ишкели бутун мебинам. Лекин, духтарам, агар насиҳати мани пиракия гирӣ, минбаъд ин хел накун. Ба дилат ягон ваҳме афтад, шарм накарда, ба хонаи мо даро. Одамгурез нашав. Дилата холӣ кун.
Шукр, дар ин хона ман, кам не ғам не, бист сари сол зиндагӣ кардам. Одамони хубаш бисёр. Дар лаҳзаҳои сахту дармондагӣ ба кадомаш ки муроҷиат кунам, зуд ба ёрӣ меоянд…
Адолат пиразанро хомўш ва бо тамкин гўш мекард. Акнун ҷои шубҳа набуд, ки вай самимона ҳарф мезанад.
– Маро ҳам бубахшед, хола. Худамро идора карда натавонистам, дар гирифтам. Ду рўз мешавад, ки ташвише дорам, асабҳоям харо шудагӣ.
– Мефаҳмам, духтарам, имрўз ку одаме, ки ташвиш надошта бошад? Асабҳо хароб, қалбҳо реш-реш, фишорҳо баланд.
Асабҳоро эҳтиёт кун. Ғамро ба дил роҳ надеҳ. Фақат дар бораи чизҳои нағз фикр кун Хайр, духтарам, бубахш, ки хеле маҳталат кардам. Зарур шавам, шарм накарда, даро. Хонаи мо – хонаи ту.
Заҳри одама одам мегирад, духтарам.
– Раҳмат, хола. Шумо ҳам ба дил нагиред. Албатта, медароям.
Адолат ҷониби роҳрав равон шуда ногаҳон дар ҷояш истод ва рў ба ақиб гардонда аз пиразан пурсид:
– Мебахшед, хола, аз шумо як чиза пурсам.
– Марҳамат, духтарам.
– Дар набудани ман ҳавлиамон тинҷ буд?
– Тинҷ, тинҷ, ягон гап нашудааст.
– Дар ин муддат мабодо ягон одами бегонаро надидед?
– Не, не, кампири пой-пояк бошам ҳам, чашмам ба ягон каси шубҳанок наафтодааст, – кампир инро гуфта фарох табассум кард.
Адолат хиҷолат кашид:
– Ба дил нагиред, хола, дар омади гап гуфтам.
– Ба дил намегирам, духтарам, дар ин замони нотинҷ баъзан пойпояк ҳам лозим.
Ҳарду базавқ хандиданд.
Дар ин як шабонарўзи пуртаҳлукаву изтиробомез Адолат бори аввал аз сидқи дил хандид…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё