Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бале, бале, ҳастанд ин хел занҳо, – гапи ўро тақвият дод пиразан, бехабар аз кинояи Адолат ва афзуд. – Ҳамин ки шавҳар аз хона берун шуд, вай ҳам берун мешаваду худро ба оғўши марди дигар ҳаво медиҳад.
– Ва ба гумони шумо яке аз он занҳо манам?
– Чӣ? – якбора ба худ омад пиразан ва аз гуфта пушаймон шуд.-Чӣ гуфтӣ, духтарам? Наход ту ҳамин хел фикр кунӣ?
– Ман ин хел фикр намекунам, хола. Лекин аз пурсукови шумо ва ҳар суханамро тасдиқ намуданатон барои худ ҳамин маъниро бардошта истодаам. Дар ҳаққи ман чӣ хел фикр мекунад, кори шумо. Гўри ҳар кас ҷудост. Фардо ба ҷои ман шумо ҷавоб намедиҳед. Ҳар кас кунад бо худ кунад, хоҳ нек кунад, хоҳ бад кунад. Лекин ба шумо як маслиҳат, хола. Умратон ба як ҷо расидааст, пой-пояка камтар кунеду аз паи тоату ибодат шавед. Аз ин кор ба шумо фоидае нест. Дар буттае, ки алав афтидааст, худаш медонаду худо.
– Оҳ, духтарам, ба ман беҳуда хашм мегирӣ. Агар медонистам, ки як пурсиши модаронаи ман боиси ранҷишу малоли хотират мешавад, мурам ки ба забон намеовардам. Ман ин савола бо нияти соф додам. Лекин агар аниқаша донистан хоҳӣ, ман аввал дар бораи ту кам-кам нияти ботил доштам. Чаро ки ана ба ҳамин чашмони худ дидам, ки ту як ҷавонзани нозанин нимишаб бо ду гулписарат аз хона баромада ба мошини бегона савор шуда ба ким-куҷо рафтӣ. Ман сабаби инро надониста, дар аввал, ростӣ, ба гумони бад рафтам. Лекин баъд … баъд ҳамаашро фаҳмидам…
– Чиро фаҳмидед? – чашмони Адолат барқ заданд.
– Фаҳмидам, ки шумо аз рўи тарсу ваҳм ними шаб баромада рафтед.
– Шумо инро аз куҷо медонед?
– Инро намегўям, духтарам. Бе ин ҳам аллакай дар пешат шумрў шудам. Лекин, духтарам, ба сари сафедам қасам, ки дар ҳаққат ягон гумони бад надорам.
– О, дар аввал гумони бад кардед-ку…
– Бале, гумон бурдам. Беҳуда намегўянд, ки гумон аз имон ҷудо мекунад. Хайрият, ақли солим ғолиб омад, гумон зуд бартараф шуд. Ва барои он гумони яклаҳзаина худро сад бор мазаммат мекунам. Аз ту сад бор узр, духтарам. Лекин бовар кун, мани кампир тамоми шаб нахобида, фикри туву бачаҳоятро кардам.

пешина
аз 315
навбатӣ