ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Фирўзу Фирдавс аз модар хоҳиш карданд, ки дар кўча камтар бозӣ кунанд.
– Майлаш, лекин торик нашуда ба хона дароед.
– Майлаш, очаҷон! – баробар ҷавоб доданд онҳо.
Адолат ба ошёнаи дуюм баромада, дарро кушод. Вориди хона шуда ин сў – он сўро аз назар гузаронд. Ҳама чиз дар ҷояш.
Хотирҷамъ ба хонаи хоб гузашт. Нав либоси рўро кашиданӣ буд,
ки аз занги телефон як қад парид. Ба пешобағалаш туф карда, худро ба даст гирифт ва оҳиста гўшаки телефонро бардошт.
– Алло.
– Салом.
– Салом, – ҷавоб дод Адолат ва зуд пурсид: – Шумо кӣ?
– С приездом! Нағз рафта омадед?
Адолат соҳиби овозро шинохту ба дилаш алов афтид.
– Ҳа, ин боз шумоед?
– Худи худам! Офарин! Овози маро чӣ хел шинохтед?
– Одами шилқинро овозаш ҳам шилқин.
– О, браво! Яку нол.
– Хайр, гўш мекунам, аз ман чӣ мехоҳӣ? – пурсид Адолат, дар вуҷуди худ ҷасоратеро эҳсос карда.
– Аз шумо? Ҳеҷ чиз! Саломатиатонро пурсидам.
– Кўтоҳтар!
– Кўтоҳаш ҳамин ки донистан хостам, шумо нағз рафта омадед?
– Хўш, донистӣ, ки нағз рафта омадам. Шояд боз донистан хоҳӣ, ки ба куҷо рафтам?
– Инаш аҳамият надорад. Муҳимаш, ки сиҳату саломат ҳастед. Хуш монед.
Соҳиби овоз мехост гўшакро ба ҷояш монад, ки Адолат хитоб кард:
– Ҳой, ошно, як дақиқа, бодиққат гўш кун.
– Гўшам ба шумо, хонум.
– Аввал ин, ки бо умеди боигарии ман нашав, кирои гап надорад. Шавҳарам аз Россия бо дасти холӣ баргашта, чи хеле ки
худат дидӣ, боз гашта рафт. Хубаш аз ҳамин лаҳза роҳи ҳавлию рақами телефони моро фаромўш кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё