ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Худатон доим мегўед, ки бало ба пасашон.
Бахтиёр сари ҷогаҳ шуда пироҳан ба бар кард.
– Бедорат кардам, бачем, боз камтар хоб рав.
– Не, оча, хватит! Хоби саҳар ширин аст, лекин барвақт хестана манфиаташ аз он бисёртар.
– Ҷони гапа гуфтӣ, бачем.
– Оча, мегум ҳамсояамон баргашта бошад? – ногаҳон низоми сўҳбатро ба дигар тараф гардонда пурсид Бахтиёр.
– Чӣ? Кадом ҳамсояро мегўӣ, бачем? – ба суол бо суол пурсид модар.
– О, кӣ мешуд? Ҳамсояи рў ба рўятон.
– Ба ҳамсоязанак чӣ кор дорӣ? – музтариб пурсид модар.
– Ҳеҷ кор. Ҳамту дар омади гап пурсидам.
– Аз куҷо медонӣ, ки вай дар хонааш нест. Ё шаб…
Бахтиёр хандид:
– Оча, наход гумон кунед, ки… ман барои он пурсида истодаам, ки худам ана бо ҳамин чашмони худам дидам, ки нимишаб вай ду писарашро гирифта берун баромад. Баъди чанде мошине омаду онҳоро гирифта ба тарафи номаълум бурд.
– Оҳо! Ту бисёр чизро медонистаӣ. Ба ман бигў, чаро аз қафои зани бегона поида мегардӣ? – хавотиромез гуфт модар ва афзуд: – Агар дида монад, медонӣ чӣ гумон мекунад?
– Медонам. Лекин хоҳиш мекунам, аз ман гумон бад набаред, дилатон дур наравад. Ин ҳамту тасодуфан шуд. Умуман, дина тасодуфҳо бисёр шуданд. Кору бори динагиро аз як сар нақл кунам, бахудо ки аз ханда рўдакан мешавед. Бо амри тасодуф ман дина се маротиба бо ин ҳамсоязан рў ба рў шудам ва ўро мурданивор тарсондам. Намедонам дар бораи ман чӣ фикр мекарда бошад.
– Се маротиба? – ҳайрон шуд модар. – Канӣ, канӣ, тезтар нақл кун. Ман туро дуруст нафаҳмида истодаам. Боз ягон қилиқи хунук накарда бошӣ. Худо накунад, ки боз ба сарам милисаро биёрӣ. Одами моргазида аз ресмони ало метарсад.
– Сабр кунед, оча. – Бахтиёр шалворашро пўшида пойҳояшро ба поёни кат дароз карда ба ҳикоят пардохт: – Ҷўрае дорам…
– Чӣ? Чи хелӣ ҷўра? Ҷўраҳои паси панҷара? – бетоқатона пурсид модар.
– Не, оча. Шумо ин қадар алов нагиред. Хоҳед, нақл мекунам, нахоҳед не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё