Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Одамӣ ҳамин будааст. Худо накунад, ки номатон ба гандагӣ барояд. Як умр гови ало барин. Мардум ҳазар мекунанд, ҳарчанд бисёриҳо хуб медонанд, ки Бахтиёри ман бо тўҳмати ноҳақ се сол паси панҷара шишта баромад… Хайр, инаш ҳам мегузарад. «Бар сари фарзанди инсон ҳарчӣ ояд, бигзарад. Лекин …
кор куҷо? Дар ин ҷо кор нест. Ба ягон ҷои дур меравам, оча, – мегўяд ў бо оҳу ҳасрат. – Дар ватани мо инсон, хусусан инсони оддӣ қадру қиммат надорад. Чун мефаҳманд, ки доғи судӣ дорад, тамом, дарав тарафи кўчаро нишон медиҳанд, аз куҷое омадӣ, ҳамон ҷо рав, мегўянд. Албатта дар ҷои бегона зуд луқмаи тайёрро ба даҳонат пеш намекунанд. Барои соҳиб шудан ба як луқма нони ҳалол оби шикамро ҷунбондан лозим». «Дуруст мегўянд, бачекам. Вай аз аввал ҳам бачаи сарпасти меҳнатӣ, дидадаро буд.
Чӣ кор кунам, ба ҷои дур нарав гўям, дар ин ҷо кор ёфта наметавонад. Хайр, худаш медонад. Бачаи майда нест-ку…»
Ҳамида-хола андешаҳои дарҳам-барҳами худро ҷамъбаст карда, ба хонаи хоби Бахтиёр гузашт. Вай ҳанўз масти хоб буд.
Лаҳзае ба чеҳраи гирондаи фарзанд нигариста аз дил гузаронд:
«Маҳбас ба чеҳраи бачекам таъсири худро гузоштааст. Ҳа, он ҷо хонаи очакалонат не, ки сарата сила кунанд ва чизе дилат хоҳад, ҳамонро диҳанд. Он ҷо чунин шиор аст: диҳед, мехўрам, надиҳед, мемурам. Он ҷо ҳама баробар, шоҳ ҳам, вазир ҳам, яъне ҳама як мартаба доранд – ҷинояткор. Намегўянд, ки фалонча бечора бо тўҳмати ноҳақ ҳабс шудааст. Зўр нозўрро мехўрад он ҷо. Хайр, ҳаволаи бадкирдорон ба худо. Аз худо зорӣ дорему зўрӣ не. Касоне, ки дар ҳаққи бачеки ман бад карда, ба маҳбас кашиданд, илоҳӣ ба ғазаби худо гирифтор шаванд.
Суханҳои охирро пиразан нафаҳмида бо овози баланд гуфт, ки Бахтиёр дар ҷояш ҷунбида яктарафа гашт ва чашм кушода болои сар модарро дид.
– Ҳа, мамаша. Ба хайр аст?
– Бахайр, Бахаҷон!
Модару писар хандиданд.
– Киро дуои бад карда истодаед дар ин саҳари солеҳон?
– Ҳамонҳоеро, ки дар ҳаққи ту бадиро раво диданд. Илоҳо хонаашон бисўзад.
– Э, ҳоло ҳам ҳамон қисса-ку, оча. Монед, дигар фикр накунед.

пешина
аз 315
навбатӣ