Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Э, тезтар нақл кун. Дилама гургон тала карда истодаанд.
– Гургҳои бечорая ба ҳоли худ монед, очаҷон. Давомаша гўш кунед. Ана, ҳамон чўраам, ҷўраи мактабиам ба Россия рафтанӣ шуд. Ду рўз пеш ба хона телефон кард. Гуфт, ки ба вокзал биё, маро мегуселонӣ, каме бо ҳам чақ-чақ мекунем. Ман дар вақти ваъдагӣ ба он ҷо рафтаму мутаассифона ҷўраам наомад. Табъам хира шуд, дар буфет сад грамм арақ нўшида баъд дар толор гаштугузор мекардам, ки ногаҳон чашмам ба ана ҳамин ҳамсоязан афтод. Бо як мардак сўҳбат дошт. Баъд фаҳмидам, ки шавҳараш будааст…
Бахтиёр баъди ин суханҳо ба модар ба тафсил ҳамаашро ҳикоят кард ва дар охир хандида афзуд:
– Ана, ҳамин хел, мамуля, ҳамсояаатонро, ба фикрам, мурданивор тарсондам.
– Шуд! Бас! Дигар наханд. Ин рафторат кирои ханда намекунад! – қавоқ андохта хитоб кард модар. – Бо рафтори хунукат бечора занакро қариб талхакаф кардӣ. Сабаби дар нимишабӣ сарашро гирифта гурехтани ин бечора занакро акнун фаҳмидам. Ин кори шўхӣ не, бачем. Агар ба зану бачаҳояш ягон ҳодиса шавад, дар ду дунё ману ту аз азоб халос намешавем. Мани каллаварам ҳам рафтани ўро дидам, дар ҳаққи вай, муштипар гумони бад кардам. Хушк шавад ин каллаи бемағзи ман! Агар хамин гапҳоро пештар мегуфтӣ, ман, пеши роҳашро гирифта, ба рафтанаш монеъ мешудам. Ҳе, ту масхарабоз! Кори хуб накардӣ.
– Охир, оча, гуноҳи ман чӣ, ки ба вай маъқул нашудам?
– Э, набошад, чӣ мехостӣ? Бо ин рафтору кирдор эшон боз мехоҳанд, ки ба одамон маъқул шаванд. Ҳоло раҳмат гўй, ки милисаро даъват накардааст. Медонӣ, таъқиб кардани одами бегона ҳам ҷиноят аст.
– О, ман ўро таъқиб накардам-ку, мамаша. Инро чӣ хел исбот мекунед?
– Исбот кардан осон. Чӣ хел исбот намекардааст, ки ту се бор шайтон барин аз пеши роҳаш баромадаӣ, мулоимхунукӣ карда ба иззати нафсаш расидаӣ. Эҳтиёт шав, Бахтиёр. Дунё нотинҷ аст.
Як бор ба тўҳмат печидӣ, ҳабсат карданд, ин бояд ба ту сабақ шавад. Ё дар он ҷо боз ягон ҳунари нав ёд гирифтӣ?
– Ҳа, оча. Он ҷо бисёр чизҳоро ёд мегирӣ. Аз он ҷо ё одам шуда мебароӣ ё …

пешина
аз 315
навбатӣ