Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Яке аз мардҳо фурўшандаро ба наздаш ҷеғ зада пурсид:
– Духтари нағз! Ангуштарини тилло доред?
– Ангуштарини тиллогӣ тамом шуд, лекин соатҳои тиллогин хел-махел – духтар дари сандуқчаро кушода аз даруни он чанд дона соатҳои тилло ва оддиро гирифта болои пештахта гузошт. – Кадомаш маъқул бошад, интихоб кунед! – гўён дари сандуқчаро напўшида ба назди дигар мизоҷон рафт.
Мардҳо ба соатҳо не, балки ба даруни сандуқча менигаристанд. Баъд аз чанде боз фурўшандаро ба наздашон ҷеғ заданд.
– Духтари нағз, ба мо соат даркор нест, ангуштарин даркор! – гуфта соатҳоро ба ў баргардониданд.
Фурўшанда ба онҳо нигоҳи маънидоронае карда, соатҳоро дар ҷояш гузошту дари сандуқчаро маҳкам карда, корашро давом додан гирифт. Мардҳо баромада рафтанд.
... Шаб аз нисф гузашта буд, «Медвед», «барори кор» гўён ҳамроҳи рафиқаш ба роҳ даромад. Баъди чанде ба назди Универмаг расиданд. Аз пушти хоначаи посбон гузашта ба бино наздик шуданд. «Медвед» ба танаи қубури ба қади бино рост буда, ки барои ба ошёнаи дуюм об овардан хизмат мекард, часпида болои бом баромад. Рафиқаш ҳам бо ҳамин тарз ба болои хона баромада ба воситаи даричаи қисми чап дохили бино шуд. Аз он ҷо ба воситаи даричае, ки дар кунҷи чапи зали савдо воқеъ шуда буд, поён фаромаданд. Чароғҳои бино хомўш буданд. Мувофиқи нақша ба даруни бино даромада ҳафт қадам ба тарафи рост чен карда ба сурох кардани шифти хона сар карданд.
– Ҳаштод ба ҳаштод бур. Ман рафта аз поён дошта меистам.
Мабодо ба замин афтида посбонро бедор накунад?! – гуфта «Медвед» худаш ба воситаи зинапояҳо ба ошёнаи якум фаромада ба назди сандуқчаи оханин омад. Ба болои он баромада, шифти хонаро дошта истод. Дере нагузашта аз як тарафи шифт, арраи эллектрикӣ намоён шуд. Баъди чанд вақт се тараф бурида аз боло нўги банди абрешимин пайдо шуд. «Медвед» нўги онро кашида аз миёнаҷои шифти буридашуда гузаронда ба боло дод. «Медвед»
бори дуюм ба ошёнаи якум фаромада бандро ба сандуқча мустаҳкам кард. Баъд озодона сандуқчаро ба боло кашиданд. Бо роҳи омад ақиб гашта ба боғи маданият ва истироҳат омаданд.
Ҷои хилватро ёфта хостанд сандуқчаро кушоянд, лекин ҳарчанд карданд, кушода натавонистанд. «Медвед» рафиқашро монда худаш ба хонаи Раҳмат Ашўров, ки устои оҳангар шуда кор мекард, («Медвед» ўро нағз медонист) омада аз устохонааш асбоби оҳанбурӣ ва путкашро гирифта омад.

пешина
аз 315
навбатӣ