ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Вале бефоида, он ҷо на пай буду на ҳайдар.
Раҷаб Нуров рафтори беҳаёнаи ҷинояткорро зери таҳқиқ гирифта, як чизро аз хотир бароварда буд, ки ҳаёти Саид дар зери хавф аст. Телефонҳои паи ҳам ба беморхона бе гап нестанд.
Вақте ки ин фикр ба сараш омад, ў аз Салим пурсид:
– Сабаби ба беморхона занг заданашро медонӣ? – пурсид.
– О! Бало занад! Зинда мондан ё намондани Саидро фаҳмиданист. Ин барои вай аҳамияти калон дорад. Мақсадаш нобуд кардании Саид ва рўйпўш кардани ҷинояташ. Чаро дар ин масъала пештар фикр накардем?
– Ман ҳам дар ҳамин фикрам. Мақсади вай ба кадом роҳе, ки набошад, аз байн бардоштании Саид аст. Агар пеши роҳашро нагирем, вай албатта, ин корро мекунад.
Ин дам Саттор Хушвақтов даромад.
– Супоришатонро иҷро кардам, – арз кард ў. – Наташа Сергеева шаб дар хонаи дугонааш Светлана хобидааст. Пагоҳ ҳамроҳи ў ба кор омада, бегоҳӣ «Ба шўъбаи милитсия меравам.
Он ҷо кор дорам, боз гашта меоям», – гуфта рафта будааст ва дигар Наташаро надидааст. Мақсади ба милитсия рафтанашро ҳам ба Светлана нагуфтааст. Дигар ҳамкоронаш ҳеҷ чиз намедонанд.
– Маълум мешавад, ки «Медвед» пешдастӣ кардааст! Ту «Наташа дар хонааш нест» гуфта, дигар ўро кофтукоб накардӣ, дидӣ хатогии ману ту ба чӣ оварда расонд? – гуфта Раҷаб Сатторо сарзаниш кард.
Салим нафаси чуқур гирифта илова кард:
– Нуров дуруст мегўяд, ҳақ надорем, ки хато кунем. Хатогии мо ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад, инро дар мисоли Наташа дидан мумкин!
Саттор гунаҳкорона бо сари хам ба ин гапҳо гўш медод.
– Каме сустӣ кардам, – иқрор шуд вай.
– Каме не, бисёр.
– Агар ин дафъа ҳам хато кунем, гуноҳи моро ҳеҷ кас намебахшад. Беморхонаро ба таҳти назорат гирифтан лозим. Набояд фаромўш кард, ки ў албатта, ба Наташа ҳам диққат медиҳад. Чигуна хавфнок будани ўро акнун ману шумо нағз медонем, яроқнок буданаш аз эҳтимол дур нест! – Гурўҳро шумо сардорӣ кунед, – гуфт Раҷаб ба Салим рўй оварда. – Палатаи Саид ва Наташаро зери назорат гиред, – ба Саттор муроҷиат кард вай – Дар ин масъала ман бо одамони дахлдор гуфтугў мекунам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё