Робиъаи Балхӣ

Ман ҷудоям зи ёр аз он менолам,
Ту чӣ нолӣ, ки бо мусоъид ёрӣ?
Ман нагӯям чу хуни дида бибарам,
Ту чӣ гӯи чу хуни дида набарӣ?
Аз сӯзу гудозе, ки Робиъаи Балхӣ дар роҳи ишқ дорад ва аз он вазъияте, ки ошиқу маъшуқ доштанд, фоҷиъаи бебозгашти ишқи софу поки инсонӣ, ки ба дилҳои ин ду ҷавон маъво гирифтааст, намудор мебошад. Ин маъниро қитъаи зерин тасдиқ месозад:
Кош-к танам боз ёфтӣ хабари дил,
Кош-к дилам боз ёфтӣ хабари тан.
Кош-к ман аз ту бирастаме ба саломат,
Ой фусусо, куҷо тавонам растан?!
Шеърҳои Робиъаи Балхӣ танҳо ошиқона нест. Баъзе шеърҳояш дар сабки тасвирсозии манзараи қарни даҳи милодӣ эҷод шудааст, ки аз он тасвир бӯйи табиъати зинда ба машом мерасад.
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод.
Бидод аз нақши озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми одам шуд магар абр?
Далели лутфи Исо шуд магар бод?
Ки дурр борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзун хуш-хуш дар шаҷар бод.
Агар девона абр омад, чаро пас,
Кунад арза сабӯҳи ҷоми зар бод?!
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранҷ,
Аз ин ғаммози субҳи пардадар бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл, гӯйӣ:
Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб, чун субҳ хуштар мебарад хоб.
Чаро афканд гулро дар саҳар бод?
Ашъори боқимондаи Робиъаи Балхӣ дар
шакли қитъа ва ғазали бетахаллус суруда
шудаанд. Шеъри боло, ки тасвири манзараи
зебову дилрабои табиъат аст, ташбиби қасида ба
шумор меравад. Пас маълум мешвад, ки Робиъа дар жанри қасида ҳам қувваи эҷодӣ ва истеъдоди худро озмудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё