Робиъаи Балхӣ

накарда бошад ҳам, аммо баъдтар дар ин ғазал изҳори самимият, садоқат, вафодорӣ ва якраҳагӣ кардааст, зеро вай худро исёнкор намешуморад, вале омода аст аст, ки аз нангу ном наандешад ва ливои саркашӣ барафрозад:
Маро ба ишқ ҳаме мӯҳтамил кунӣ ба ҳиял,
Чӣ ҳуҷҷат орӣ пеши Худои азза ва ҷал.
Ба ишқат андар осӣ ҳаме наёрам шуд,
Ба динам андар тоғӣ ҳамешавам ба масал.
Наъим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бо ту равост,
Ки бе ту шакар заҳр асту бо ту заҳр асал.
Ба рӯйи некӯ такя макун, ки то якчанд,
Ба сунбул андар пинҳон кунанд наҷми Зуҳал…
Дар шеъри дигари зарифона ва пурлатофате, ки аз он оҳанги ғаму андӯҳи софдилонаи занона меояд, Робиъаи Балхӣ ба мурғи нолони шохи дарахт муроҷиъат карда, ба тариқи муқоиса ё ки муқобилгузорӣ аз ҷудоии ёр нолидан ва хун гиря кардани ошиқи марҳум аз ёрро хеле ба таври бадеъӣ ва пуртаъсир баён намудааст, ки ҳасби ҳоли ӯст:
Дӯш бар шохаки дарахт мурғе Навҳа мекарду мегирист ба зорӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё