Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин байт сужети дар «Илоҳинома» овардаи Шайх Аттори Нишопуриро комил месозад, яъне Робиъаи Балхӣ ӯро на танҳо як бор дар айвони базм ва бори дигар дар даҳлези қаср ва дафъаи дигар дар майдони ҷанг дидааст, балки дар хонааш низ ба сифати меҳмони «хубрӯю чобуку хандонак» пазируфтааст. Аммо мавқеъи онҳо, чӣ тавре ки Шайх Аттор тасвир кардааст, хатарнок буд. Ҳуқуқи ҳар ду ҳам маҳдуд буд, Бектоши ғулом ҳақ надошт, ки хоҳари хоҷаи худ дил бандад. Робиъаи Балхӣ низ ҳамчун асилзода намебоист бо намояндаи табақаи поении ҷамъият, махсусан ғуломон ошиқу дилдода мешуд. Бинобар ин, онҳо бисёр эҳтиёт мекарданд, алалхусус Бектош худро дур мекашид, ба назди вай кам меомад, ки аз ин ҳоли ҳиҷрон Робиъа дар азоби рӯҳӣ буд ва Бектошро «дуъои бад» ҳам мекард, ки Худо ӯро мисли ӯ ошиқи беқарор кунад ва дар оташи ҳиҷрон бисӯзонад, то ба қадри ишқу ошиқии ҳақиқӣ бирасад:

Даъвати ман бар ту он шуд, к - Эзидат ошиқ кунад:
Бар яке сангиндиле, номеҳрубон чун хештан,

То бидонӣ дарди ишқу доғи меҳру ғамхӯрӣ,
То ба ҳаҷр андар бипечиву бидонӣ қадри ман.

пешина
аз 28
навбатӣ