Робиъаи Балхӣ

Дил аз зиндону банди сахт бардошт.
Набудаш сабр бе ёри ягона,
Бад-ӯ пайвасту кӯтаҳ шуд фасона!!
Бояд гуфт, ки мероси адабии Робиъаи Балхӣ ба миқдори хеле кам боқӣ мондааст. Ин ашъори боқимонда низ аз истеъдоди комилу завқи саршораш гувоҳӣ медиҳад. ӯ дар чакидаҳои хомаи хеш ҳиссиёти гарму ҷӯшони ошиқонаро ифода намуда, самимона дарди дил гуфтааст.
Шеъраш аз нигоҳи сабку услуб ва истифодаи ташбеҳу истиъора ва дигар саноеъи шеърӣ ба сабки хуросонӣ мансуб аст. Салосат ва балоғати ашъорашро ноқидон ва муаллифони сарчашмаҳои адабӣ эътироф намудаанд. Дар ҳақиқат, Робиъаи Балхӣ аз саромадони адабиёти форсӣ дар аҳди Сомониён ба ҳисоб меравад ва дар таърихи адабиёт мақоми хосеро ишғол кардааст.
Қайд кардан лозим аст, ки қиссаи ишқи нокоми ӯ бо Бектошро ду порчаи шеърҳояш низ тасдиқ мекунанд: яке байти зерин, ки мулоқоти ӯро бо турки зебочеҳрае ба тасвир кашидааст:
Турк аз дарам даромад, хандонак,
Он хубрӯйи чобук меҳмонак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё