Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҷисми ман мўҷиби таҳқир аст. Ман худам онро ба таҳқир парвардаам. Вале рўҳам пок аст. Вай ҳеҷ гоҳ олуда нашудааст. Магар оташро мешавад фосид намуд? Эй мардум, аз таҳқири хеш бим ба дил нагиред. Шумо дар назди офаридаи хеш покед, бегуноҳед. Вале, ҳайҳот... Намедонам...
Афсар сўйи сарбозонаш ба хашм ғуррид:
– Аҳли ойилаи ўро берун кашед.
Аввал занҳои писаронашро аз миёни мардуми гунгу ваҳшатзада бурун кашиданд. Мўйсафед бо овози гирифтаву хафӣ рў ба мардум оварда гуфт:
– Натарсед!
Ҷомаи арусонашро дариданд, онҳоро луч карданд.
Мардум ҳама сар пойин оварданд. Мўйсафед чашмонашро пўшид. Афсар аз қафои мўйсафед гузашта, аз ду гушаш гирифта, сарашро ба сўйи арўсони писарҳояш гардонда, фарёд зад:
– Бубин. Ин зиндагӣ лаззате дорад. Ман ин зиндагиро баройи ин неъматҳояш дўст медорам. Эй мўйсафеди аблаҳ. Эй табаҳкунандаи зиндагӣ. Нигоҳ кун, чӣ сон зиндагӣ даруни синаи сунҳорҳои ту шўрангез шудааст. Ман онҳоро ба шумо бахшидам, эй сарбозҳо!
Мўйсафед гуфт:
– Эй фарзандон, имони шумо комил аст. Ва даруни синаи шумо тавҳид буғз кардааст. Барои равон шудани ин оҳанги малакутӣ пистон ба даҳони фарзандони хеш бигзоред. Ин имони шумост, ки ҳама чашмҳоро кўр гардондааст, ин оҳанги малакутии дили шумост, ки гўшҳоро пур сохтааст.
– Ман ба ту ҳасад мебарам, эй пирамард, ва ба ҳамон андоза бадат мебинам.

пешина
аз 341
навбатӣ