Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бо хашм пардаҳои панҷараро ба як сў мекашад.
Паси шишаҳо ҳамчунон тира менамуд: Шаб ё субҳи козиб! Онҳоро барои эҳтиёт дубора сахт кард. Ба ин манзур дигар ҳуҷрахоро аз назар гузаронд. Таи дил ба худо шукрона фиристонд, ки фасли поиз будаасту панҷараҳоро бастааст, вагарна ин пашшаҳо бо ин азму талоше, ки доранд одамро дар як лаҳза ба устухони сафед табдил хоҳанд дод. Аз андешаи он ки пашшаҳо ба хона раҳ нахоҳанд ёфт ва ў ба тандиси Абўисҳоқ бадал хохад шуд, арақи сарде саросари вуҷудашро фаро гирифт. Ў ин амрро қариб-ал-вуқўъ мепиндошт. Худо накунад роғе дар дару тирезаҳо бошад! Ба суръат назди дари вурудӣ омад. Хайрият! Дар баста ва роғиҳояш бо намад пўшида буд. Аз чашмаки дар ба берун нигарист. Майдон тира буд.
Лифт кор намекард. Пашшаҳо ҳанўз ба ин ҷо роҳ наёфтаанд. Боз ба ҳуҷраи хоб баргашт. Барандаи телевизион дигар наменамуд. Пашшаҳо ба микрофунҳо часпида буданд ва садояшон даҳшатовар ба гўш мерасид. Ва аз истудиюи ҳамшафат садои мусиқии пурзеру баме меомад: гўё пашшаҳо суруд мехонданд, суруди якнавохт ва ҳамеша ба як оҳангу ба як тарз. Онҳо фақат мавзун хонданро ёд гирифта буданд: ғум-ғум-ғум... Мисли садои ҳавопаймоҳо дар баланди осмон, дар каронаҳо танин медод. Родию низ ҳамин сурудро мехонд. Аз гўшаки телефун низ ҳамин садо меомад. Сараш ҳамчунон вазнину карахт буд ва ҳанўз дард мекард. Балки дардаш афзуда, шиддат гирифта буд. Чойи кабуд ҳам даво нашуд.
Қурси сардард ҳам бетаъсир буд. Дигар пашшаҳо даруни сараш садо мезаданд. Набзаш ба оҳанги тақтеъгуна суруди даруни телевизиюну родию ҳамнаво шуда буд.

пешина
аз 341
навбатӣ