Сояҳои шикаста

Як бор ҳам телефун занг зад, вале аз он сў садое, овозе ҷуз суруди пашшаҳо намеомад. Худро ду бора навмедона бар тахти хоб афганд. Сарашро зери болишти пари қў гирифт, бо ҳарду дасташ онро фурў кашид. Сараш озурда буд. Ў ҳеҷгоҳ ҳамчунин дардеро эҳсос накарда буд. Гўё магасе аз роҳи димоғ ба мағзаш ворид гардидааст! Аз ин андеша, ки шояд ин ҳодиса ҳангоми хобаш рух дода бошад, якбора такон мехўрад, рост мехезад. Мағзаш даруни ҷамҷамааш, фалағда шудааст, мелуқад ва эҳсос мекунад, ки дар воқеъ чизе даруни сараш меҷунбад ва бо шиддат гирифтани дард вай низ бузургтар мегардад. Мушт ба пешонӣ мезанад, беҳуда! Намрудвор сар ба девор мекўбад, бе натиҷа! Дард ором намегирад, садои пашшаҳо хомўш намешавад! Нинус рўзгорон ҳалоли ту бод бо он бурдбориву матонат!
Ту ба чаҳорсад сол ин дардро таҳаммул кардӣ, вале ў тавони бардошти якрўзаи онро надорад. Ва ё ин пашшаҳо он пашшаҳо нестанд. Шояд онҳо бо суръати инқилоби илмию техникӣ пешрафту такомул мекунанд? Панҷоҳ ҳазор сол ин чониб ҷисми инсон сари мўе тағйир накардааст. Пешрафтҳову такомули ў нафсонӣ будааст. Ақл асрҳои мутамоддӣ дар қайди шикамҳо будааст. Ин инқилобҳо дар асари исёни шикамҳо ба вуқўъ пайвастаанд! Инсон як субҳи барвакт, ба мисли имрўз аз хоб бедор мешавад ва ғарқи таҳайюр мегардад: ҳама чиз тағйир пазируфтааст. Чун амиқ ба вазъи аҳвол менигарад бадбахтона дармеёбад, ки мафҳумҳо билкул тағйир ёфтаанд, ҳатто арзишҳое, ки инсонҳо таҳтушшури онҳо ба сўи Шудан тарбия ефта буданд, дигар гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё