Сояҳои шикаста

Лаҳзаҳо мегузаранд, ноилоҷ кўрпаро ба як сў партофта, рўйи рахт менишинад.
Ва эҳсос мекунад, ки ҳавои хона сард аст. Эҳтимол медиҳад, ки аз роғиҳои дару тиреза шамол медарояд. Шояд фаромўш кардааст, ки ин шамолдароҳоро намад занад ва фикр кард, ки шояд аз серкорӣ ба ҷои анҷоми ин амал дасташ намерасид ё фурсат намеёфт?!. Алҳол ба дурустӣ намедонист. Бало ба пасаш! Имрўз аз китобхона ба ин манзур барвақттар бармегардад. Аз Лола узр мепурсад, ки наметавонад ҳамроҳаш ба кино равад. Ба ў мефаҳмонад, ки хонаро барои зимистон омода мебояд кард, то ки сардиҳо касро ғофилгир нанамоянд.
Бо ин андеша аз рўйи рахти хоб мехезад ва коҳилона хамёза мекашад ва ҷомаашро ба тан мегирад.
Чароғро рўшан мекунад. Соати девори ними рўзро нишон медод. Бовараш намеояд. Бо худ меандешид, ки шояд қафо монда бошад. Теливизионро рўшан мекунад. Баранда бо тарсу ваҳм ва эҳтирос аз қувваҳои низомии кишвар имдод металабад. Бовар карданӣ нест! Селаи пашшаҳо! ба ў, яъне ба барандаи намоиши телевизион ҳуҷум мебаранд. Ў дар навбати худ доду фарёд мезанад ва дар баробари ҳуҷуми пайгиронаи пашшаҳо муқобилият карданӣ мешавад, бе натиҷа. Ба гумонаш, ки филми тахайюлист. Коноли дигар мезанад. Аҳвол ҳамчунон аст.
Дурбинҳо кўчаҳои шаҳрро нишон медиҳанд. Мардуми ба ваҳшат омада аз таъқиби пашшаҳо ба ҳар ҷониб гурезон... Шояд аз ҳама конолҳо як филмро намоиш медиҳанд? Родию низ ҳамин аҳвол! Аз гўшии телефун низ ҳамин садоҳо меояд.
– Магар мардум девона шудаанд?!. – мешўрад Аҳмад Ниё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё