Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва онҳое ки пириро ба тифлӣ ташбеҳ медиҳанд, дурўғ мегўянд. Дар вуҷуди тифл зеботарин тимсолҳо. Пурзўртарин қудратҳо ҳукумат доранд. Пир бо як қалъаи бодхўрдаву бороншуставу фартути холӣ монанд аст ва сардии зулмате дар вуҷудаш табли ваҳшат мезанад…
(Ишқи актиёри пир)

Ишқу Марг ҳолати тасвир нопазир аст…
(Ишқи актиёри пир)

Ҳар чизи зебо нотамом аст. Ҳар чизи комил ноқис аст. Ва ҳар чизи сода мураккабу нофаҳмост ва баракс мураккаб хеле соддаву фаҳмо.
(Ишқи актиёри пир)

Кас то худро дармеёбад, мебинад, ки каси дигаре кайҳо ўро инкор кардааст.
(Ишқи актиёри пир)

Акнун боқии умр фақт дар бораи як умедвории хеш андеша мекунам, ба мисли анкабут гирди лонаи орзуҳои худ тор метанам. Акнун ман бо сабру бардошт дар хусуси як интизории худ, як умедвории худ орзу мекунам. Танҳо орзу мекунам: Бояд ин бузина ба ҷангал паноҳ барад…
(Ишқи актиёри пир)

Ҷомеаи башарӣ ҳар рўз беш аз пеш оганда ба шарру табоҳӣ мешавад. Зеро илова бар ғаразҳову ҳадафҳои ҳайвонӣ дар оташдони вуҷуди одамӣ оташҳои дигаре афрўхта мешавад ва он оташҳои дигар шаҳавот ё худ нафси аммора аст, ки ўро яъне башарро аз ҳар даде хатарноктар месозад.

пешина
аз 341
навбатӣ