Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз баҳри ту бас мушкил буд
Пойи андеша гаҳе дар гил буд.
Лек дар хеш ту озод будӣ
Дар ҷаҳоне ки ниҳон аз ҳама кас ёфтаӣ
Шод будӣ.
Гулчини суханхо аз осори
Муҳаммадзамони Солеҳ
Фақт ошиқон метавонанд бар сари зиндагӣ, беэътиноёна лагад бизананд.
(Ишқи актиёри пир)

Чӣ хушбахтанд касоне, ки то вопасин нафас дар худ эҳсоси дўстдоштанро моликанд.
(Ишқи актиёри пир)

Ҷавонӣ бегазанд аст. Ту наметавони лаҳзае, як нафас аз узри бетакаллуфи Марг андеша кунӣ…
(Ишқи актиёри пир)

Инсон маргро ҳам бояд ба мисли зиндагӣ хушнудона қабул кунад. Вагарна ин зиндагӣ, ин дунё моҳияти аслии худро гум мекард.
(Ишқи актиёри пир)

Агар дар зиндагӣ инсон як бор бимирад, дигар ҳузури марг барояш бехавф мегардад.
(Ишқи актиёри пир)

Битарс аз онҳое, ки ҳеҷ гоҳ рўи саҳнаи театро надидаанд ва дар он саҳна хурдтарин нақшеро ҳам набозидаанд.
(Ишқи актиёри пир)

Мо аз қабоҳату разолат ва наҷобату асолати дигарон худро мешиносем. Вале ман ҳеҷ гоҳ чунин мантиқеро Дар зиндгии худ надоштам. Ҳамеша ниёзи худро бениёзӣ вонамуд сохтаам. Ба мисли он ки як беасолат, як бефарҳанг худро асилу хирадманд ва ҳатто бешармона нобиғе тасаввур менамояд.
(Ишқи актиёри пир)

Пирӣ ҳамеша бо тарсу ҳазёну девонагӣ ҳамроҳ аст.

пешина
аз 341
навбатӣ