Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он ки буд марди мусулмону ҳам огоҳ зи хеш
Дилаш аз хории оини Муҳаммад шуда реш...
Ҷавҳари дини Худоро дарёфт
Дар миёни ҳама афроди башар
Ҷойи моро дарёфт...
Тоҷик устоди ҳама мардуми атроф бишуд
Ҳар ки симурғ ҳамеҷуст бар ў Қоф бишуд.
Оташи синаи Иқбол, ки буд они ниёгони мо
Дар Бухорои Шариф ҷой ба худ пайдо кард
Дидаи ҷумлаи огоҳдилонро во кард.
Рўдакиро дил аз он равшан гашт
Дониш андар дили мо гашт чароғею ба тан ҷавшан гашт...
Ту бидиди ҳамаро
Ту шуниди ҳамаро
Ту бидонисти ки ин миллати саргашта ба худ меояд
Мешавад аз ҳама озод
Ва озодиро
Медиҳад бар ҳама шогирдонаш...
Чун ки дар хеш ниҳон ҳаст ҳамон имонаш
Андар ин пайкари садпораи ў
Бо чароғе ки зи Румиш бирасидаст ба ирс
Ҷустуҷў мекунад эй дўст ҳанўз Инсонро
Ёри аз дидаи афроди башар пинҳонро...
Ту ҳаме дидию лабханди ту пурмаъно буд
Ҳамраҳат ҳазрати Мавлоно буд.
Ту ҳамедидию медонисти
Ғосибони ватанат боз гадо мегарданд
З-ин ҳама шавкати дуздида ҷудо мегарданд
Боз мағзуби Худо мегарданд...
Зиндагӣ баҳри ҳама мушкилу

пешина
аз 341
навбатӣ