Сояҳои шикаста

- Киноя аз сабзчароғи раҳнамо.
- Пештахта (прилавка).
- Исмоили Сомонӣ.
- Хонаи адиб.
- Номи писари ў.
- Романи нави нависанда.
Абдурашид Фозил
БАРОИ ШОДРАВОН МУҲАММАДЗАМОНИ
СОЛЕҲ
Ту буди марди ҳунар
Ту буди марди сафар
Чеҳраи бози туро дида будам
Олами рози туро дида будам.
Рўи сабзинаи ту хандаи озодӣ дошт
Чашми ангурии ту мастию ҳам шодӣ дошт
Покии қалби ту дар чеҳра аён
Суханат аз таҳи дил
Бар ҳамагон.
Худ ки озоди ҳамехости аз олами танг
Аз даруни дили худ сўи фалак раҳ ҷустӣ
Рафта берун зи худ аз худ
Ба малак раҳ ҷустӣ.
Гоҳ берун шуда аз банди замон
Аз ҳама гашта ниҳон
Дар замони дигар ороми дилатро ҷустӣ
Бас ки нокоми дар ин асри сияҳ
Бар сари миллати ту омадааст
Коми дилатро ҷустӣ.
Бо Куруш фатҳи ҷаҳон мекардӣ
Нома бар ғосибакони ватанат
Аз ҳамон давр бар ин давр равон мекардӣ
Ки ман имрўз бар ин ҳоламу аммо фардо
Ту маро бори дигар мебинӣ
Ба ҳамин дидаи сар
Бо чи ҳунар мебинӣ!
Рў ба Исмоили Сомонӣ биёвардӣ низ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо