Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

(Ишқи актиёри пир)

Ғурўру худхоҳӣ, ҳирси тамаллуқ, бартариҷўӣ ва худпарастӣ одамиро ба даррандае табдил медиҳад, ки ба мулки дигаре даст меандозад, ба номуси дигар боқимондаҳо таҷовуз кунад , ҳамнавъии худро ба ғуломию бардагӣ мебарад, тозиёна ва сияҳчол барои онон таҳия месозад ва сиёсатро ҷуз дар поймол кардани озодӣ наметавонад биёбад.
(Ишқи актиёри пир)

Барои он ки зиндагӣ як намоиши зебое бошад,
мебояд онро зебо бозӣ кард…
(Ишқи актиёри пир)

Ҳар зиндае ниёз ба ишқи мурдае дорад…
(Ишқи актиёри пир)

Инсони зинда ҳамеша ба як ҷамоли сармадӣ, ба як ишқи таҳаққуқбахш ниёз дорад на ба…
(Ишқи актиёри пир)

Ишқ аз нахустин офаридаҳои яздон аст, ки ба
«Ҷамоли сармадӣ» таҳаққуқ мебахшад.
(Ишқи актиёри пир)

Ишқ оташест, ки ҷуз худованд дигар ҳамаро месўзад.
(Ишқи актиёри пир)

Пирӣ зишт аст, боз вақте ки дар баробари зани ҷавон қарор мегирад.
(Ишқи актиёри пир)

Ғофилон аз худ бехабаранд. Онҳо фақат чашманд.

пешина
аз 341
навбатӣ