Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Маликнеъмат

Зиндагӣ марг асту мурдан зиндагист…
(Ба марги нависанда - Муҳаммадзамони Солеҳ)

Дареғо!
Фиғоно!
Замино!
Замоно!
Дигар нест бо мо,
Муҳаммадзамоно!
1
Дигар мурғи рўҳаш сари «Сарви Кишмар»,
Парид аз бари мо,
Бикард ошёно!
Ба «Оҳанги шаҳр»- е,
2
Ки «ишқ»-аш бувад ном,
Рамид аз бари мо сўи ҷовидоно!
Бувад ёди некаш нишаста ту гўӣ,
Ба хуно, ба қалбо, ба ҷисмо, ба ҷоно!

1 «Сарви Кишмар» - номи китоби нависанда
2 «Оҳанги шаҳри ишқ» - номи китоби нависанда
Абдулло Фозил
МАРДИ ХУДО
( эҳдо ба нависандаи қобилу қодир Муҳаммадзамони Солеҳ) Зи «…шаҳри ишқ» меоӣ, бародар, Парешон карда риши хусравонӣ.
Ба чеҳра сатри ҳасратҳот хоно?
«Ҷавонӣ ку? Ҷавонӣ ку, ҷавонӣ?».

Ҷавоние, ки дар паҳнои таърих,
Ба шавқу шўр хўяш дода будӣ.
Қаламтеғе ба дасту бора Илҳом,
Ба қатли мункир амраш дода будӣ.

Ҷавоние, ки дар чорсўи таърих,
1
Сари сабзаш гузар бар аҳли дил дод.
Варақ гардонд «Авасто»-ю «Усурик»,
Дари ганҷинаи Зардушт бикшод.

Ҷавоние, ки бо баҳсу талошаш,
Чу машъал сўхт бар гўри ниёгон.
Басо манқурту маддоҳ кард буғӣ,
Ба дасту панҷаи «Fиёс…»-у «Бурҳон…».

Ҷавоние, ки гулгашту хиёбон,
Зи файзи гулфишониҳош буд шод.
Кашида муштро то осмонҳо,
Сазои дод бар бедод медод.

Ҷавоние, ки ҳусни бурху болаш,
Ҳади мафтунӣ то азми гунаҳ бурд.
Зи дўкон дида ўро шишаи май, Ба пушти пешбаста руст мешуд.

пешина
аз 341
навбатӣ