Сояҳои шикаста

Чун насри Шумо шоирона аст, шеърро ҳам хуб нақд мекунед, бобо. Маслиатҳои Шумо ба ман барин навроҳаҳои қаламрави сухан чун обу ҳаво зарур. Рафту маъқул шаванд, ба ягон рўзнома диҳед…
Воқеан, устод, нақшаҳои эҷодӣ чӣ хел? Тобистони соли гузашта дар як сўҳбате, бо ҳам, дар ҳузўри устодон Мирзо Боқӣ, Қувватбеки Давлат, Саидаҳмади Қаландар ва Нафасбек доштем иддао кардед, ки орзўи навиштани румонреро аз рўзгори Амир Исмоили Сомонӣ парваридан доред, маводи кофӣ ҳам дастрас шудааст. Қисмати ин муддао чӣ шуд?
Агар ҳофиза фиреб надиҳад, номашро «Девори Бухоро» монданӣ будед. Аз ҳамон сўҳбат боз андешаҳоятон пиромуни Куруши Кабир дар зеҳни ман мондаанд. Ба ин имперотури аҳди кушониён баҳои баланд додед, ҳарчанд Мирзо якравӣ карданд, фикри худро гузаронидед. Хаёл мекунам, фикри навиштан аз кордориҳои ин соҳибдавлати тоҷикон ҳам, дар андешаатон пухтан дошт…
Пургуи кардам, бобо, маъзур медоред. Мо «дар миёни чор девори баланди кўҳҳо»(таъбири Лоиқ) ҳамсўҳбати дилхоҳ надорем охир…Умед дорам, ки вақти қимати худро дареғ надошта, ин чанд шеъргунаи бандаро қалам мезанед. Боқӣ Худо ҳофиз!
Бо эҳтиром, Абдулло.1.6.1989 д.Пакшифи Кўҳистони Масчоҳ P.S Дар нома шеъроҳои: «Хонаи бобоӣ», «Шаб», «Пири деҳабон», «Хилқоби дарё» ва«Шукрона» пурра оварда шуда буданд, мо ихтисор кардем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо