Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ҳар вожаи таълифоти Шумо овои ниёгонамон меояд. Офарин, Устод! Кам нашавед.
Биноӣ, ба Худо…Қаламатон бурротару суханатон гиротар бод, ОМИН!
Ҳа, аз ман ба ҳамқаламқаламҳоятон, хусусан Салим Аюбзод, Баҳманёр ва дигарон дуою дуруд гўед.
Як ҳикояти Салим ба ман бисёр писанд омад. Ҳамоне, ки пештар дар ҳафтанома нашр шуда буд-ку, «Нардбони тарс». Ҷонкову илҳомбахш баромадааст, офарин! Агар Салим аз ин ҷодаи ёфтааш берун наравад, шргирди сазовори Шумо шуданаш яқин.
Ҳикояҳои пештар нашрнамудааш ҳам хеле самимонаанд, устод. Хусусан ҳикояе, ки саҳнаи дар навбати нон истоданашро қаламӣ кардааст, ба назарам аҳамияти омўзандаи тарбиявӣ дорад. Забонаш фасеҳ, орӣ аз тасвирҳои муғлақи осмонӣ, забони боғановати инсони хокӣ… Мактаби Шумо-дия, Марди Худо.
Ва боз, камина ҳам ин ҷо беҳуда нафаскашиданро раво надида, чанд шеъри шогирдона бофтаам. Агар малол наояд, хонеду фикратонро ба ин бандаи гандаи рустонишин нависед.

пешина
аз 341
навбатӣ