Сояҳои шикаста

Номаи Абдулло Фозил
ба Муҳаммадзамони Солеҳ
Дуруд, Устод Муҳаммадзамони Солеҳ! Шарафёбии аъзогӣ ба Иттиҳоди нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ муборак шавад!
Ин бандаро маъзур медоред, Марди Худо! Дер бохабар шудам. Обрави Зарафшон, хоса диёри мову Шумо, Кўҳистони Масчоҳ чандон фарёдрас не. Рўзномаю маҷаллаҳо вақтҳои охир сари вақт ба муштариён манзўр намешаванд, Кори пушида( почта) бад, бобо. Болои сўхта намакоб, гуфтагӣ барин, деҳаи Пакшиф дар Сояру ҷойгир шудаасту хаткашонҳо аксари вақт мавҷудияташро фаромўш мекунанл . Чанде пештар, аниқаш рўзи 28 май паи коре ба Мадрушкат фуромадам. Дар идораи ҷамоъат шумораи №18 (4 маи соли равон) ҳафтаномаатонро(«Адабиёт ва санъат») гирифтам. Хабарро хонда беҳад шод шудам, Волло, Пеши раису котиб ифтихор кардам, ки ниҳоят адолат аз гиребони нотавонбинони Истеъдод гирифтаву ҳақро ба ҳақдор расонида… Хурсандиамро пораи қиссаи наватон ба номи «Кирми ҳафтвод» афзунтар кард. Ҳакимона, бо обуранги пурҷалол, оҳанги пур аз щуруру ифтихор…Мушти обдоре ба нотавонбинони миллат, ба манқуртони кремлинпараст. Дар қиёс ба ҳикояҳои маҷмуаҳоятон «Сарви кишмар» ва «Деҳи матрук», ба андешаи ин фақир, «Кирми ҳафтвод» хеле фарқ мекунад. Ҳарчанд андешаҳои Шумо дар «Деҳи матрук» ба дарку қабули эҳсосоти мани кўҳистоннишин, ки дар Пакшиф бо хароботи манзилҳои бобоӣ, сангбунаҳои пас аз муҳоҷирати мардум ба дашти Дилварзин бо мурури вақт, зери «мушти қазо» малулу хамуш чукидаю алағда, бодхўрдаю бороншуста ҳамдамам ва ҳаррўз мебинаму месўзам, «Кирми ҳафтвод» андешаҳоямро рушантар, домани тахайюлотамро васеътар кард, водор намуд, ки атрофи ояндаи як деҳи кучак не, пиромуни қисмати талхи як халқ, як миллати тамаддунофар, ки ҷабри таърихро беш аз миллатҳои дигар кашидаву имрўз ҳам зумрае аз фарзандони ноқобилаш ба хотири вазифаю мансаб омодаанд аз забону фарҳанги он ру тобанд, мункири гузаштагони адабпарвар ва воқен инсонгарои худ бошанд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо