Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Агар хоҳем ки домани сухан фаро чинем ва бигўем, Муҳаммадзамони Солеҳ кӣ буд, ҷавоб ин аст, ки ў як марде донишманд, сода, ҳунарманд, самимӣ, далер, якрў ва якмаром буд.
Инак моем ва осори барҷоймондаи ў ва ёде аз пиндорҳо, намунае аз гуфтор ва марҳилаҳое аз кирдори ин ҳамзамони некноми мо. Ў рафт ва ёди некўяш ҳамчунон дар қалби ҳамзамонон боқист. Ситези доду ситам, хубиву бадӣ ва зебоиву зиштӣ ҳамчунон идома дорад. Хуш ба ҳоли касоне, ки аз сарнавишти дигарон ибрат гирифтанд ва номи некў ба ёдгор гузоштанд ва ба ҷаридаи олам корномаи худро ба наҳве аҳсан сабт карданд. Онон касонеанд, ки бар рўзи доварӣ бовар доранд ва пеш аз он, ки баррасии кирдорҳо шурўъ гардад, худ дафтари аъмолро варақ гардонида биҳишту дузахи хешро муайян месозанд.
Раҳнамои эшон боз ҳам гуфтори ноби Ҳакими Тус аст:
Замин гар кушода кунад рози хеш,
Намояд саранҷому оғози хеш,
Канораш пур аз тоҷдорон бувад,
Бараш пур зи хуни далерон бувад,
Пур аз марди доно бувад доманаш,
Пур аз моҳрух ҷайби пироҳанаш.
Набояд ки яздон чу хонад-т пеш,
Равони ту шарм орад аз кори хеш.
Дилам барои сўҳбатҳои ў гум мезанад. Дар ин шаҳре, ки тадриҷан нигоҳҳо бегона мешаванд ва каҷ нигаристан ба ҳамдигар маъмул шуда, ҷойи хандаҳову суҳбатҳои самимии ў, ҷойи виқору салобаташ холист. Рўҳат шоду ёдат гиромӣ бод дўсти азиз!

пешина
аз 341
навбатӣ