Сояҳои шикаста

Чун гавҳари зиндагӣ ва ганҷи пояндагӣ аз ишқ аст. Ў ба ончӣ мегуфт ишқ меварзид ва саршор аз ишқ ба боварҳои хеш буд. Банда бо Муҳаммадзамони зардуштигарой ва мусалмон баҳсу гуфтугўҳо доштаам ва дар ҳарду маврид ҳам ў боварҳои хешро ҷомаи истидлол мепўшонид ва онро тарзе талқин мекард, ки шунавандаашро зери таъсир қарор медод. Чун ў ба боварҳои худ бовар дошт ва ба онҳо ишқ меварзид. Дидаем касонеро ҳам, ки дар назди коммунистҳо аз ормонҳои сурх ва дастовардҳои беназири низоми пошхўрда мегўянд, бо исломиҳои сиёсӣ аз ваҳдати ҷаҳони ислом ҳарф мезананд ва ҳамроҳи онон барои ситамдидагони ҷаҳон даст ба дуъо мебардоранд, бо миллатгароён бинишинанд, ҷоме барои ҳамбастагии милали ҳамнажоду ҳазорпора ва давлати тахайюлӣ саршор месозанду нўш мекунанд.
Дигар нуктаи муҳим дар шинохти Муҳаммадзамон он буд, ки ў ба худро ба ҳар кўю дар намезад, то ном ёбад ва танҳо ба фарҳангу ҳунар дилбаста буду аз суханпироӣ ном меҷуст. Баъзе касон ба ҳамаи жанрҳои адабиёт даст задаанд, вале дар ҳеч кадом кор ба ҷойе набурдаанд ва саранҷом ба худи эшон ҳам маълум нагаштааст, ки эшон кистанд. Муҳаммадзамон ба наср оғоз кард ва то поёни умр аз ин роҳ берун нарафт ва ҳаққо, ки номи некў ёфт.
Дигар вижагии ахлоқии Муҳаммадзамон ин буд, ки ў самимӣ буду заминӣ. Бо ҳама кас баробар, инсонҳоро ба ғаниву фақир, сиёҳу сафед, шимоливу ҷанубӣ ва худиву бегона ҷудо намекард. Дар дўстӣ устувор ва бар аҳд пойбанд буд. Ба хотири хўшоянди касон асар наменавишт ва аз касе ҳам таваққуъ надошт. Аз ин ҷост, ки пас аз даргузашти ҷонсўзаш дар ҳар маҳфиле, ки зикре аз ў равад, касе ҷуз ба некӣ аз ў ном намебарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо