Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Муҳаммадзамон ҳеч режими сиёсӣ ё ходимони онро ситоиш накард, чун вобаста ба онон набуд. Бепироягӣ ва дурӣ аз худситоӣ, сириште пок ва ишқ ба Офаридагори ягона роҳи ўро муайян карда буд. Ў дар солҳои вопасини умр пайваста ин нуктаро такрор мекард, ки «то маркази диданҳои мо хостаҳои тан аст, танҳо худро мебинем ва вобастаи нафсем, вобастаи хешем, вобастаи ғайр ва дур аз Ўем».
Гоми дигаре, ки Муҳаммадзамони Солеҳ дар зиндагӣ бардошт ва тай кард, такомули тадриҷӣ дар шинохти инсонҳо буд. Агар дар навиштаҳои нахустин ў ба инсонҳои ҳамнажод болад дар охир ба ин натиҷа мерасад, ки ҳамкешӣ беҳтар аз ҳамрешӣ аст.
Аввалиро сарнавишт барои ту рақам зада ва бидуни ихтиёр туро бо ў пайванд дода, вале дувумиро ту бармегузинӣ ва дувумӣ ҳамболу ҳампари туст, бо шодии ту шод ва анису ғамгусори ту дар лаҳзаҳои гирифториву навмедист.
Ҷой дорад аз худ пурсем, ки рамзи мондагории баъзе касон чист ва чаро бо гузашти замон бар чеҳраи онон ҳеч ғубори кўҳнагиву фаромўшӣ наменишинад? Дигаргун гаштани аҳволи рўзгор ва табдили арзишҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ низ аз ваҷоҳати эшон намекоҳад ва онон по ба пойи ҳамкешон ё ҳамтаборон пеш мераванд ва гоҳе бар шодобиву сафои чеҳраашон низ афзуда мешавад. Агар имрўз бо гузашти чанд соле аз даргузашти Муҳаммадзамон бихоҳем, ки рози хотироти нек доштани бештари ҳамзамонон аз равоншодро ҷўё шавем, онро дар чанд асл чунин метавон рақам зад:
Нахустин рамзи мондагории Муҳаммадзамон бо ишқ зистани ў буд.

пешина
аз 341
навбатӣ