Сояҳои шикаста

Ҳангоме ки сухан аз ҳувийят мегуфт, каломаш лабрез аз самимият буду муҳаббат. Ёдам меояд, ки дар марҳилае аз умр Муҳаммадзамон дилбаставу шефтаи фарҳанги Эрони бостон буд ва дар боварҳои эътиқодии хеш низ бар ойини аз байнрафтаи ниёгон тамоюл дошт. Гоҳе ин дилбастагӣ ба ҳадди ифрот мерасид. Аммо дар он замон ҳам аз Офаридагору саройе дигар ғафлат намеварзид. Дар вопасин солҳои зиндагонӣ дубора ба оғўши Ислом баргашт ва бо меҳре саршор ба фарҳанги ирфонӣ гўшанишиниву зуҳд пеша кард. Ў бар ин фармудаи яке аз бузургони таърих бовар дошт, ки «дунё ниҳояти дидгоҳи кўрдилон аст, ки он сўйи дунёро наменигаранд, аммо инсони огоҳ нигоҳаш аз дунё убур карда аз паси он саройи ҷовидони охиратро мебинад. Пас инсони огоҳ ба дунё дил намебандад ва инсони кўрдил тамоми таваҷҷўҳаш ба дунёст. Бино аз дунё зоду тўша баргирад ва нобино барои дунё тўша фароҳам кунад». Дар ин марҳилаи замонӣ Муҳаммадзамон бо ҳамон бовару якравӣ ва якрўйӣ, ки хоси ў буд, бовар дошт, ки инсон вақте пирўз мегардад, ки деви нафсро бишкананд ва ин шикастанро ҷуз дар паноҳи дижи муҳками порсоӣ намедид. Поёни роҳу андешаи Муҳаммадзамон порсоӣ буд, чун аз оғоз ҳам нияти ў софу мубарро буд.
Баъзеҳо аз усули волои ахлоқӣ илҳом мегиранд ва баъзе дигар аз соҳибони қудрат. Маниш ва шеваи аҳли ахлоқ дар гузари айём собит мемонад вале равишу усули қудратҳо ҳамвора дар тағйирёбист. Аз ин рў аввалиҳо собиту устуворанд ва мондагор вале гурўҳи дувумӣ бо суқути ин қудратҳо, ки андешаашон ба онҳо муттакӣ буд, суқут мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо