Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин адиб орзу дошт ки бо каломи ноб руҳи диловарию вафодориро дар колбади ҳаммеҳанон бидамад. Агар сиёсатмадорон бо пиёда кардани ягон иделожӣ, ки ҳамроҳ бо хушунату озори ҳазорон кас ба даст меояд, аҳадофи худро ҷомаи воқеият пўшонанд, нависандаи андешаманд бо калимоти худ мардум месозад ва қаламрави маънавияшро тарроҳӣ мекунад. Дар ин қаламрав касе озурда намешавад ва ҳатто мухолифони он ҳам аз таровати сухан ва рақси вожаҳову андешаҳо лаззат мебарад. Ҳастанд касоне, ки қаламрави андешаву хаёли эшон фаротар аз деҳе намеравад ва дар ҳамон деҳ ҳам ҷуз ниёгони хешро намебинанд ва ё ба қавли устод Лоиқ ба «чашми бум ба ҷаҳони бекарона менигаранд». Таърих борҳо собит кардааст ва дидаем, ки қаламрави сохтаи сиёсатмадоронро фалаки гирдгардон ба гарду бод мубаддал месозад, вале паҳнои ҳукумати андешаҳо бо гузашти замон гутурдатар мегардад ва барои ҳамеша чун ормон пойдор мемонад. Ҳар касе хоҳад бо соҳиби ин қаламрав ошно гардад, маҳалли мулоқоташ ҳам ин суфраи ҳамеша густурда аст!
Муҳаммадзамон ҳамеша ба назм, ба вижа ашъори Фирдавсиву Иқбол, ки осори ҳар ду ҳам инсонсозанд, алоқаи фаровон дошт. Аз ситам ва ситамгорони таърих достонҳои зиёд қисса мекард ва ситамро ҳамеша накўҳиш месохт. Ин байтҳоро дар поёни умр замзама мекард ва мухотаби хешро таъкид месохт:
Нигар то наёрӣ ба бедод даст, Нагардонӣ айвони обод паст.
Касе к-ў ба ҷангат мабандад миён, Чунон соз к-аш аз ту н-ояд зиён.
Ки напсандад аз мо бадӣ додгар, Сипанҷ аст гетиву мо бар гузар.

пешина
аз 341
навбатӣ