Сояҳои шикаста

Дар канори ба тасвир кашидани чеҳраи қаҳрамононаш, Муҳаммадзамон гўшаи чашме ҳам ба ҷомеъаи он рўзгори Хуросону Мовароуннаҳр, хусусан Суғд ва Бухоро дорад. Ў роҳҳову корвонсароҳо ва бозору дўкконҳо ва гулгашту растаҳои Бухоро, Самарқанд, Кармина, Варахша, Фароб, Тавовис, Тироз, Балх, Ҳирот, Нишопур, Марв, Гургон ва Бағдодро ба тасвир мекашад ва хонандае, ки аз ҷуғрофияи таърихӣ огаҳӣ дорад, пай мебарад, ки муаллиф то чӣ андоза ба осори муътабари таърихӣ ошноӣ доштааст. Табъе баланд, забоне равон ва аз олудагӣ пироста вижагии дигар ин асар аст. Дар канори саҳнаҳои разму ишқу дилдодагӣ ва зиндагии иҷтимоии мардум низ тасвир шудаанд.
Белинский фармуда буд, ки: «нависанда ҷузъиёти рўзгорони қаҳрамонашро худ меофарад ё онро дақиқан аз рўи фактҳои таърихӣ ба тасвир мекашад». Муҳаммадзамони Солеҳ низ бештари воқеъотро бар пояи ахбори «Таърихи Бухоро», «Зайн-ул-ахбор», «Равзат-ус-сафо» нигошта, бештари қаҳрамонони асар низ шахсони воқеъиянд. Дар пайкору набардҳои хунин Исмоил ҳамеша пирўз берун омада, бо доду диҳиш шуҳра гардидааст. Романи «Девори Хуросон» аз романҳои хуби таърихӣ аст, ки қаҳрамононаш аз давраи асримиёнагӣ ва исломии таърихи тоҷикон гирифта шудааст. Ин асар танҳо саргузашти як диловари Хуросон нест, балки саросар ҳикмату панд ва ибрат аст. Ў достонҳои таърихии мардуми эронитаборро, ки бо он ҳамвора меболид, ба ваҷҳе дилпазир арза кард. Мехост ба таърих рў оварда, ҳофизаи таърихии тоҷиконро дар пайвастагӣ бо дигар мардумони эронӣ ба вуҷуд оварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо