Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Нависанда ин ҷо ба ниёбат аз дигарон ин хиёнату разолати саркардаи ҷоҳталабу шаҳватрони тозиро маҳкум месозад, ханҷар мехўрад, оҳи сўзон мекашад, уқдаҳои дилашро мекушояд ва пайвандҳои гусастаро тармим мекунад.
Ин рисолатро адиб ба дўши Исмоил гузоштааст, дар ҳоле ки мароми Исмоили воқеъӣ шоядӣ бо мароми фотеҳоне чун Саъид ибни Усмон ҳаммонанд буд, то бо ормонҳои ашрофзодагони қурбоншудаи суғдӣ. Зеро дар таърих ҳеч зикре аз чунин гароиши Исмоил нақл нашудааст. Ҳамчунон гароишҳои Исмоил ба тамадддуни тоисломии Эронзамин аҳдофу мароми худи муаллифанд ва аз ормонҳои Исмоиле, ки сипоҳи уву ворисонаш саросар аз туркони барда иборат буд, фарсахҳо дур буд. Яъқуби Лайс чизи дигар аст, агар Муҳаммадзамон чеҳраи Яъқубро тасвир мекард, бешак ўро бо ормони хеш ҳамсў медид. Яъқубе, ки на хилофатро қабул дошт на мазҳаби хилофатро, на нажоди тозиро ва на забони ўро. Яъқубе, ки чун шоирон кишваркушоиҳои ўро ба тозӣ ситоиш карданд, барошуфту гуфт: «чаро чизе мегўед, ки ман андар наёбам». Ин Исмоил Исмоли Муҳаммадзамон аст, на Исмоили воқеъӣ.
Боре аз устод ин пурсишро матраҳ кардам ва ҷавоби ў ҳам чунин буд. Қаҳрамонони «Девори Хуросон»
ҳамдигарро бобо меноманд, тавре, ки борҳо аз забони муаллиф ин ибораи дилинишину гўшнавозро шунида будем.
Аммо авомили муассир гоҳо чунон неруманданд, ки ҳамаи ормонҳо ва гароишҳоро таҳтушшуъо месозанд ва ё гароишҳое аз навъи дигар ҷойгузини он мешаванд.

пешина
аз 341
навбатӣ