Сояҳои шикаста

Гузашта аз ин, амир Исмоил як сония ҳам даъвои истиқлол накардаву ҳамеша ба хонадони ситампешаву ғаддори аббосӣ вафодор будааст. Пойбандӣ ба Аббосиён ва ситезаҷўиву пархош бо ҳамаи душманони ин хонадонро муаррихони мухталиф, ки хилофати ин силсиларо барҳаққ хонда, гардан ниҳода буданд, аз аъмоли писандидаи Исмоил баршумурдаанд! Исмоиле, ки Амр ибни Лайси диловарро, дастбаста ба дарбори халифаи ситампешаи аббосӣ мефиристад ва ин халифаи бадкеш дар ҳолати ҷонканӣ ва вопасин лаҳзаҳои умр, ки дигар аз такаллум ҳам монда буд, ишорат мекунад, ки Амрро гардан зананд ва тўшаи охираташро аз пеш мефиристад! Ҳамон Амр, ки аз хонадони бедордилу размовари тоҷикони Сиистон бархоста, ҷуз сарафрозиву истиқлоли Меҳан чизе намехост! Амре, ки Рўдакӣ мамдуҳи худро ба ў монанд карда, диловарияшро сутудааст!
Дар роман ба ҷои эҳсосоти фардӣ эҳсосоти ҳамзамонон ва мушкилоти вобаста ба иҷтимоъе, ки дар он зиндагӣ мекунад, мавҷуд аст. Нависанда бештар ба масоиле мепардозад, ки бо гароиш ва ормонҳои ў созгор бошад. Аз ҷумла саҳнае дар роман тасвир ёфтааст, ки Исмоил барои ашрофони суғдие, ки бо макру фиреби амири Хуросон Саъид ибни Усмон ба Мадина бурда шудаанд, мегиряд ва аз чашмонаш хун ҷорӣ мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо