Сояҳои шикаста

Афсонаҳои омиёнаи таърихи назири «Абумуслимнома», «Искандарнома» «Размномаҳои Ҳамза» аз як сўй ва достонҳои воқеъгунаи осори Байҳақӣ ва Зайниддин Восифӣ аз сўйи дигар кўшише будааст барои омехтани таърих, устура, хурофот бо иттифоқоти таърихӣ. Ин корро устодон Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ кардаанд, ҳарчанд тафаккури марксиситӣ ва муборизоти табақотӣ, ки омўзаи асосии ин мактаб аст, ба осори ин бузургон таъсир гузошта, саросар сиёҳ тасвир кардани гузашта аз вижагии аслии осори эшон аст. Сотим Улуғзода беҳтарин ва мунсифтарин тасвиргари романтики таърихи мо буда, дар осори арзишманди худ «Ривояти суғдӣ»
ва «Фирдавсӣ» ду давраи муҳиму сарнавиштсози гузаштаи мо – Варорўди пеш аз ислом ва Хуросони давраи исломиро наққошӣ кардааст. Муҳаммадзамон хатти миёнаро баргузида буд ва хубиҳои рўзгорони гузаштаро дар қатори костиҳо тасвир мекард ва бо тасвири неку бад хонандаро дар интихоби ҳар кадом озод мегузошт. Аммо хубиҳои айёми мозӣ бештар аз костиҳо тасвир шудаанд ва адиб онҳоро улгуе барои эъмори ҷомеъаи муосири инсонӣ меҳисобад. Рўй овардан ба таърих дар адабиёт бештар вақтҳое рух додаст, ки тасвири воқеаҳои рўзгори муаллифон бар асоси мулоҳизаҳои сиёсӣ ва муҳофизакориву бим доштан аз гуфтани ҳақиқат имконпазир набудааст.
Рўзгору корномаи муассиси давлати сомонӣ мавзўъи романи «Девори Хуросон»-и марҳум Муҳаммазамони Солеҳ гардидааст. Агар Исмоил дар замони худ мардуми Бухороро аз тармими девори фарсудаи шаҳр маъоф дошта, худро девори Бухоро номида бошад, дар романи «Девори Хуросон» ин шахсияти бузургвор барҳаққ девори тамоми Хуросон номида мешавад ва дар воқеъ унвони расмии Исмоилу ворисонаш бар хилофи он чӣ бештари муаррихон гумон доранд, амири Хуросон будааст, на шоҳи тоҷикон ё амири Сомониён.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо