Сояҳои шикаста

Пас аз ошноӣ бо Муҳаммадзамон боре ба ў гуфтам, ки замони мактабхонӣ «Оҳанги шаҳри ишқ»-ро хонда нафаҳмидам ва аз ў пурсидам, ки чаро душвор менависад? Посух дод, ки навиштаҳои ман мушкил нестанд, балки кори тозаест ва меъёрҳои худашро дорад. Баъдтар дарк намудам, ки қабл аз нависанда будан, Муҳаммадзамон нахуст як андешаманд аст.
Аз ин ҷост, ки забони навиштаҳояш равонанд, вале калимабозиву ҷумласозӣ дар онҳо дида намешавад.
Адибе ки пуштивонаи андеша дошта бошад, дунболи зебоггўиву вожапардозӣ намеравад. Бештари адибони дунёи муосир ба ин асл пойбанданд.
Пас аз нашри романи «Девори Хуросон», онро бо завқ хондам ва бештари вақт мо бо Муҳаммадзамон атрофи таърих бо ҳам сўҳбат меоростем аз иттилооти фаровони ў, ки аз муаррихони касбӣ ҳам бештар осори таърихиро мутолиа карда буд, тааҷҷуб мекардам. Ў таърихи пешаз исломӣ ва даврони исломии мардумони эронинажодро хуб медонист ва мекўшид, ки дар баробари муаррихон дар нигоштани таърих саҳм гузорад. Ишқе, ки ба саргузашти пешиниён дошт, масири ўро ҳам дар адабиёт муайн кард ва пас аз нишоштани корномаи Исмоили Сомонӣ ҳамеша орзу дошт, ки дар бораи нахустин императори таърих – Куруши Кабир ва охирин сафири Худованд – Муҳаммад алайҳиссалом достоне бинависад. Фарзандонашро ҳам ба ифтихори ин мардони бузурги таърих номгузорӣ карда буд.
Мутаассифона, бахши умдаи таърих ва фарҳанги мо ё зери хок монда ё ба ғубори фаромўшӣ фурў рафтааст. Романи таърихӣ ба адабиёти муосири тоҷик аз Ғарб ва Русия омада, вале муруре сатҳӣ ба адабиёти нишон медиҳад, ки ин шакл дар адабиёти форсӣ бесобиқа набудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо