Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳузури сабзи хотираҳо
Сайфуллоҳ Муллоҷонов

Фосилаи умри банда бо шодравон Муҳаммадзамон беш аз бист сол буд, вале ин монеъи он набуд, ки миёни мо риштаи дўстиву самимият устувор
гардад. ҳанўз қабл аз он, ки барои таҳсил ба пойтахт оям, китоби «Оҳанги шаҳри ишқ»-и ўро дида
будам ва чанд саҳифа ҳам хонда, вале он замон
ҳанўз фалсафаи гуфтори ўро дарк накардам. Замоне ки ба пойтахт омадам, дар вазорати фарҳанг,
ўро ҳамроҳ бо Мирзонабии Холиқзод дида, шинос
ва сипас дўст гаштем ва то вопасин рўзҳои ҳаёти ў
ин дўстии мо идома пайдо кард. Бештар дар маҳфилу маросимҳои дўстон бо ҳам дидор мекардем ва ё
дар хиёбони Рўдакӣ, ки Муҳаммадзамон ҳамеша бо
яке аз дўстонаш дар он қадам мезад. Рафту омад ва
доду ситади китобу маҷалла ҳам миёнамон барқарор буд. Ҳамчунин перомуни таърих, адабиёт, дин
ва фарҳангу ҳунар бо ҳам гап мезадему вориди баҳс
мешудем. Дар баъзе баҳсҳо мо бо ў нуқтаи муқобили ҳам будем ва дидгоҳҳоямон низ шадидан бо ҳам
фосила дошт. Вале бо вуҷуди баҳсҳои гарм доштан,
аз ҳамдигар намеранҷидем ва дар дидори дигар бо
ҳамон самимияту табассуми ҳамешагӣ ва бо оғўши
боз ба истиқболи ҳам мерафтем. Қабл аз салом ҳатман Муҳаммадзамон нидои «Эй бобо, шумо куҷоед»-ро бар забон меовард. Чеҳраи ҳамеша хандон
дошт, ҳарчанд дарунаш пур аз дард буду ранҷ. Номусоидиҳои рўзгору гирифториҳои он, каҷхулқиву
шайёдии муште одамсурати девсират, ки ҳама чизро
барои худ мубоҳ шумурда, ҳеч чизи муқаддас надоштанд, ўро нороҳат месохт.

пешина
аз 341
навбатӣ