Сояҳои шикаста

ки:
Як романи тоза ва асари комил дар мактаби насри бадеии таърихии тоҷик офарад; Дар канори идомаи равишҳои хоси таълифи насри бадеии таърихӣ ба нависанда муяссар шудааст, ки падидаҳои наверо дар сабк, ҳунар ва дарунмояи асари хеш ба зуҳур расонад; Тавассути як асари комили бадеӣ як давраи бузурги таърихи миллати тоҷикро таҳқиқ намояд ва назари муайян ва махсуси худро ба воқеоти он замон дар таъйини пайванд бо имрўз иброз дорад.
Бо эҷоди як асари гаронмояву пурбор ва таълифи романи бадеии таърихӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муассир ва саҳми чашмгири худро расонад.
Бар асоси матолиби корбандии матолиби таърихӣ ва истифодаи қудрати зеҳнӣ ва тахайулии худ чеҳраи тозаи бадеии Исмоили Сомониро ҳамчун пешвои миллати тоҷик дар оинаи пиндор ва ҳунари нигорандагии хеш офарад ва ба манзари хонандаи имрўзи худ гузорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо