Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Давидани ғизол аз қафои рўз бошад таркиби шоирона аст ва зимни тасвири ин манзара нависанда онро «ғизоле, аз хайли худ вомондае»
мегўяд. Дар ин усули тасвири нависанда эҳсос мешавад, ки равиши хоси корбандии санъати саҷъ ба ҷилва омадааст. Аз назари дигар, тавсифи ғизол ба «аз хайли худ вомонда» эҳтимоми нависандаро дар ҷилвабахшии санъатҳои тавсифу сифатчинӣ тавзеҳ медиҳад.
Нуктаи ҷолиб дар сабки нигориши нависанда корбандии афзуни ҷумлаҳои соддаву равон ба шумор меравад. Саропои хати сужаи асар, гуфтори қаҳрамонони он дар вусъати ҷумлаҳои содда, вале равону салис ва пурбор аз маҳорати нависандагӣ мунъакис шудаанд. Намунаҳои қаблан зикршуда низ воқеияти ин матлабро ба субут мерасонанд.
Сабки нигорандагӣ, арзишҳои ҳунарӣ ва падидаҳои навҷўӣ дар забони роман тақозои онро дорад, ки ба масоили мазкур ва матолиби дигари марбут ба таҳқиқи паҳлўҳои ҷудогонаи он амиқтар рўшанӣ андозем, то мақоми муаллифи онро дар эҷоди як асари комили адабӣ бар асоси таъриху асотир бозгўӣ намоем. Ҳарчанд, дар ин навиштаи мухтасар имкони баёни маҷмўи ин масоил ва ифодаи баҳсҳои мазкур нест, аммо итминони комил дорем, ки минбаъд ба асоси равишҳои хоси таҳқиқ ва шинохти насри имрўзи тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми ин асари пурарзиш муқаррар хоҳад гардид.
Дар маҷмўъ, метавон гуфт, ки бо тасвири воқеоти пурбори аҳди Сомониён ва нигориши чеҳраи аввали ин замон- Амир Исмоили Сомонӣ ба нависандаи соҳибзавқ Муҳаммадзамони Солеҳ муяссар шудааст,

пешина
аз 341
навбатӣ