Сояҳои шикаста

Романи нависандаи соҳибзавқ ва навҷў Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон» аз беҳтарин намунаи ин гуна осори мансур аст, ки аз услуби хоси эҷодкорӣ ва ҷилваҳои ҳунари нависандагӣ бархурдор мебошад. Асари мазкур қаблан дар арафаи таҷлили 1100 солагии Давлати Сомониён ба нашр расида буд, вале соли 2005 бо дастгирии Президенти мамлакат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун китоби алоҳида интишор ёфт, ки дар он баробари ҷой гирифтани романи «Девори Хуросон» чанд ҳикояву ба қавли худи нависанда достонҳои дигар низ мавҷуд мебошанд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳунари таърихнигории бадеӣ дар ҳунари таърихнигории бадеӣ Муҳаммадзамони Солеҳ қаблан низ собиқаи хуб дошт ва дар ду маҷмўаи аввалинаш «Сарви Кишмар» ва «Ишқи актёри пир» мо ба суннатҳои хоси офаринандагии нависанда дар ифодаи бадеии ҳаводиси таърихӣ дучор меоем. Худ ҳикояи «Сарви Кишвар», ки унвони китоби аввали нависанда ҳам ҳаст, ишора ба устураи зиндагии Зардушт ва дарахти асотирии ў Сарви Кишмар дорад, ки ҷилваву тобишҳои насри бадеии таърихӣ ва устураиро дар нигоштаҳои нависанда бозгў мешавад. Албатта, ин самти ҳунари эҷодкории нависанда диду таҳқиқи ҷудогонаро тақозо менамояд, ки аз доираи таҳлилҳои ин рисола берун аст.
Дар романи «Девори Хуросон»,ки офариниши чеҳраи таърихӣ ва ҳам бадеии Амир Исмоили Сомонӣ дар меҳвари он қарор дорад, эҳсос мешавад, ки нависанда марҳила ба марҳила ва аз китоб ба китоб насри бадеии таърихиро дар эҷодиёти худ хеле такмил бахшида,ба офариниши як намунаи барҷастаи ин навъи наср дар адабиёти имрўзи тоҷик муваффақ шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо