Сояҳои шикаста

Мусаллам аст, ки падидаҳои нахустини насри бадеии таърихӣ дар повесту романҳои устод Айнӣ рўи кор омадаанд ва бешак аҳли таҳқиқ низ устодро ба ҳайси бунёдгузори ин навъи наср шинохтаанд.
Минбаъд дар таълифоти устодони насри муосир Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Расул Ҳодизода ва дигарон ин равиш ба як мактаби бузурги адабиёти мансури муосири тоҷик табдил ёфта, самту тамоюлҳои муайяни хешро ба вуҷуд овард, ки онҳоро мушаххасан ба таври зайл муаррифӣ намудан имконпазир аст:
- Ҷилваҳои мухталифи ҳодисаву воқеа ва лаҳзаҳои таърихӣ дар оинаи осори бадеӣ. Дар ин равиши насри бадеӣ бештар муаллифи асар ба унвони қаҳрамони ҳамин гуна воқеаву ҳодисаҳо баромад мекунад ва ё ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ мувофиқ ё наздик ба замони зиндагии нигоранда ҷараён мегиранд.
- Руҷўъ ба ҳодисаву воқеаҳои даврони дури таърихӣ ё тасвири зиндагиномаи ашхоси устуравӣ ё таърихӣ. Қобил ба таъкид аст, ки бо зуҳури Сотим Улуғзода дар таърихи давраи нави насри тоҷик ин ҷараёни насри бадеӣ таҳким пазируфта, ба унвони мактаби махсуси офарандагӣ густариш пайдо намуд. Намунаи беҳтарини ин навъи наср дар эҷодиёти Улуғзода романҳои «Восеъ», «Фирдавсӣ» ва повести «Ривояти Суғдӣ» мебошад. Минбаъд ин тамоил дар таълифоти адибони даврони истиқлол нисбатан вусъат пайдо карда, ҳамчун мактаби таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва таҳқиқи таърих дар оинаи ҳунар дар насри тоҷик мақоми махсусе дарёфт. Дар ин самт метавон ба таълифоти нависандагони давр, чун Аъзам Сидқӣ, Сорбон, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзод Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва дигарон муроҷиат намуд, ки муҳимтарин махсусиятҳои насри бадеии таърихиро бо суннатҳои хос, сабку салиқаи муайян ва дараҷаи ҳунарӣ инъикос намудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо