Сояҳои шикаста

ФАЙЗУЛЛО ХОҶАЕВ
НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ
ПАДИДАҲОИ НАСРИ ЛИРИКӢ ДАР НАСРИ
ТАЪРИХИИ МУҲАММАДЗАМОНИ СОЛЕҲ
Офариниши чеҳраҳои асотирӣ ва таърихӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ба эҷоди равиши тоза ва суннати хоси адабӣ боис гардид. Дар ин раҳгузор таваҷҷўҳ ба масъалаҳои таърихӣ ва асотирӣ дар насри муосири тоҷик, махсусан насри даврони истиқлол дар таҳкими пояҳои равише дар мактаби насрнависии адабиёти имрўз муассир омад, ки минбаъд аз ҷониби аҳли таҳқиқ насри бадеии таърихӣ ном гирифт. Албатта, ин равиш маҳсули адабиёти даврони истиқлоли тоҷик нест ва ҳанўз нахустин суннатҳои нигориши он дар байни осори устод Айнӣ ҷилваҳои рўшан доранд. Ҳарчанд шинохти суннатҳо, равишҳои муайян ва асолати мавзўиву ҳунарии насри бадеиву таърихии тоҷик ё ба таъбири дигар ҷилваҳои бадеии ҳофизаи таърихӣ мавзўи баҳси дигар аст, аммо дар оғози ин навиштаи мухтасар зарурате пеш меояд, ки ба тамоюлҳои пешини он ва махсусиятҳои ин навъи наср дар давраи истиқлол ишорат шавад. Аз сўи дигар, паҳлўҳои мухталифи ин навъи наср дар таълифоти донишмандони тоҷик, М. Шакурӣ, профессорон А. Раҳмонов, А. Сайфуллоев, Х. Асозода, Н. Салимов, М. Хоҷаева, А. Муллоев, М. Имомов, А. Набавӣ ва дигарон низ баррасӣ шудааст ва ин мунаққидон то ҷое мазмун ва мақоми онро дар адабиёти муосири тоҷик таҳқиқ ва ҳам муқаррар намудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо