Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин ибтикори наҷиб ва сутуданӣ метавонад дар баробари амри хайре будан раҳнамое дар шинохти ҳар чӣ бештари афкору андешаҳои устод барои имрўзиёну фардоиён гардад.
Дар маҷмўъ, тафсири андешаву афкори устод Муҳаммадзамони Солеҳ барои мо имрўзиён шояд ба унвони ҳамон пиндорҳои зоҳирбинона бошанд, ки худи ў дар ин қиссааш бозгўӣ карда. Аммо бо ин ҳама замони таваҷҷўҳи амиқ дар маърифати ин андешаҳои паҳновар чун шохаҳои Сарви кишмар устод Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигар ҳамнаслону ҳаммаслакони ў дар қаламрави насри имрўзи тоҷик ва дарку маърифати ибтикори эшон дар пайгирии чунин равишҳои тозаву омўзанада фаро расидааст ва умедворам аз ин ба баъд ин ҷараёни шинохт бо диди амиқ ва тоза тамоюлоти тозае касб мекунад.
Дар давоми ин ҷодаҳои навини шинохт ва маърифати адабиёт албатта насле аз ҳузури худ башорат хоҳад дод, ки бо донишҳои фалсафиву илмии қадиму ҷадид мусалламу мусаллаҳ мешавад, то инсони мусофири даруни хеш ва кушояндаи даричае дар ин дарунсў ба самти рўшании таърихи гузаштаи моро бишносад ва бо кўмаки он Синдбоди солики пиндорҳои устод Муҳаммадзамони Солеҳ ҳафту ҳашт ҳатто ҳазору анд шаҳри ишқро пайсипарад.

пешина
аз 341
навбатӣ