Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар мавриди румони «Девори Хуросон» мақолоти зиёде иншо шудааст, аммо ҳанўзам розҳои сафари ҳаштуми Синдбод, сояҳои шикастаи Ардавирафнома, ҳақиқати андеша ва ҳикмати зиндагонии
дарвеш, қиссаи шеърҳои таърих ва розҳои дарахти
азими Сарви Кишмар, кобуси кобус ба шоистагӣ
тафсир нашудаанд ва бештару пештар ниёз ба маърифат доранд, ҳарчанд ҳақиқати рамзу рози воқеии
аксари ин асрор ниҳон дар қалбҳои гўяндаи он ба
хоби абад рафтаанд. Ва мо ҳам бо таассуф он айёми ҳузури мубораки устод дар қаламрави зиндагонӣ
камтар фурсат кардем, ки бештари ин розу асрорро
аз забони худи устод бишнавем, то заминаҳое дар
тафосири хеш фароҳам созем. Аммо хушбахтона
чанд нафар аз аҳли қалам вақт гузоштанд, то барои
анҷоми ин рисолати бузург иқдом намуда, аз сўҳбату гуфторҳои устод Муҳаммадзамони Солеҳ файз
бигиранд ва аз баракоти ин мусоҳибаҳо дигаронро
низ баҳравар гардоданд. Воқеан, имрўзу фардо ва
ҳар қадар, ки мо аз ҳузури устод Муҳаммадзамони
Солеҳ дуртар меравем, арзишу мақоми китоби ин
сўҳбатҳо андоза рифъат ёфта, чун муҳимтарин сарчашмаҳои шинохт ва маърифати афкору андешаҳои
ин нависандаи соҳибназар дар ин арса нақши муассир хоҳад гузошт. Манзурам мусоҳибаву гуфторҳои
анҷомдодаи аҳли сухан, чун Салими Аюбзод, Шаҳло
Абдуҳалимова, Хуршеда Атовулло, Салими Зарафшонфар ва дигарон мебошад, ки ба саодати мо куллияи онҳо дар канори маҷмўи таҳқиқу пажўҳишҳои
роҷеъ ба мероси адабии устод анҷомдода дар қаламрави адабиётшиносии имрўзи тоҷик муҳаббатномаву ёднома ва сугсурудаҳои марбут ба устод Муҳаммадзамони Солеҳ бо кўшиши донишманди ҷавон Абдуҷалили Амон дар муҷаллади китобе ба унвони «Тулўъе баъд аз ғуруб» ба даст чоп расидаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ