Сояҳои шикаста

Агарчӣ дар оғози иншои осори мансур ин донишу омўхтаҳои таърихиро дар заминаи истиқрори пайванд бо имрўз дар рўҳия, тафаккур ва амалкардҳои қаҳрамони замонии таълифота ба қалам овардаву равиши тозаеро дар қолиби насри мусаммо бар фалсафиву андешаварзонаро шакл бастааст, аммо баъдтар иқдом ба нигориши намунаҳои барҷастаи насри бадеии таърихӣ намуд, ки романи «Девори Хуросон» ҳамчун маҳсули ҳамин омўхтаҳои фаровон ва донишҳои таърихиву адаби ва ирфонӣ ба шумор рафта, дар қиёс бо намунаҳои пешини насри таълифии устод бо зуҳури шеваи ҷадид дар баёноти ҳофизаи таърихӣ дар эҷодиёти Муҳаммадзамони Солеҳ таъкид меварзад. Мавзўи баҳси ин румон ва иқдомоти дигари устоди равоншод дар ин арса, ки борҳо дар мусоҳибаҳои хеш ва ҳатто сўҳбатҳое, ки инҷониб бо устод доштам, роҷеъ ба таълифи румону достонҳои бузурге роҷеъ ба Зардушт, Куруши Кабир, Ҳасани Саббоҳ ва дигарон доштанд, хостори мабоҳиси куллии ҷудогонаву ботафсил аст, ки дар ғунҷоиши ин номаи мухтасар қарор надорад ва иншоаллоҳ дар замони дигар шарҳу тафсир хоҳад ёфт. Амри муҳим дар таваҷҷўҳи аслӣ ба навиштаҳои солҳои пешин ва ба истилоҳ рўзгори нуфузи насри андешапарваронаву файласуфонаи устод Муҳаммадзамони Солеҳ он буд, воқеан ин бахши муҳим ва бузургу беназири эҷодиёти ў ба дурустӣ ҳанўз ношинохта аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо