Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар насри устод Муҳаммазамони Солеҳ донишҳои фаровони фалсафиву таърихӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ бо ҳам омезиш ёфта, дар ҷараёни сафари инсони ҷустори аслу ҷавҳари хеш таҷассум мекунанд, балки ин қаҳрамони мусофир ба ҷаҳони моваро ва ин мубтакири кашфи ҳақиқат ва асолат худи нависанда аст,ки воқеан бо таҷассуми ҷоба баҷои маҷмўи ин абзорҳои хирадварзона намунаи беҳтарини насри фалсафӣ ва андешапарварро офаридааст. Ин мусофират ва ба истилоҳ равонковиро аз андўхтаву таҷрибаҳои озмудаи худи нависанда зуҳур кардаву гунаи нави сафарномаҳои орифонаро барои акнун тарҳ меандозанд. Агарчӣ таҳтонӣ нависанда ба сўи маърифати «Ардавирафнома» роҳ мекушояд, ё сафари ҳаштуми Синдбодро бозгўӣ мекунад, аммо ин ардавирафнома дигар оне нест, ки Вироф андаруни он ба ҷаҳони моваро меравад ё Синдбод ҳафт шаҳрро тай мекунад. Акнун Вироф ҳам ва Синдбод ҳам худи нависанда аст, ки ба сурати нав роҳ мекушояд ба моварои хештан то бирасад ба ҳамон ҳадафи бузурги пешорўяш қарор дошта. Ин матлаби ниҳоии офариниши чунин қаҳрамонҳои нав, ки аз пирояи завқ, андеша, тафаккур ва муҳимтар аз ҳама пиндори вай бурун омадаанд, нависанда дар мусоҳибае аз худ бо як ҷумла бо беҳтарин ваҷҳ тафсир намудааст: «Қаҳрамонҳои ман барои он мураккабанд, ки онҳо ҳадафашон, дардашон, ишқашон ҳамон ниёзи бениҳояти инсонист».
Ҷойгузинии андўхтаҳои фаровони таърихӣ, фалсафӣ, адабиву ирфонӣ дар вусъати як асари мансур хостори диди маърифатгаронае дар ҳамин поя ё ҳадди ақал камтар аз он аст, ки албатта муҳимтарин омил барои иқдом дар эҷоди равиши тоза дар насри имрўзи тоҷик гардидаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ