Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

хеш ба хонанда мерасонад, ки ин равиш низ
ҷанбаҳои фалсафии насри устод Муҳаммадзамонро
тақвият бахшидааст. Гоҳи дигар ҳатто бидуни ишорат ба номи муаллиф ё ишораи малеҳ тариқи таъбири файлсуфе гуфта ё фармудаи файласуфе ва ҳатто
дар мавриде,ки ба андешаи ў қоим розӣ нест, бо сурати аз гуфтаҳои файласуфе хашмам меояд, ин гуна
ҷумлаҳои андарзӣ ва ҳакимонаро корбаст намудааст. Ҷое ин равиши корбурди чунни андарзҳоро ба
гунаи зайл ба мушоҳида мегирем: «Аз он файласуфе
хашмаш меояд, (худо накунад агар дар наздам ҳозир бишавад, гулўяшро ба дандонҳоям меканам), ки
гуфтааст: «Ғаму шодии инсон мисли худи ў нопойдор аст». Ҳарчанд нависандаи бо ин наҳваи тазаккури ин матлаб муҷодалаи ақидавии хешро ба муаллифи он изҳор дорад, аммо огоҳона онро истифода
мебарад, ки шояд тариқи мутолиа ба дардҳои нафаре аз аҳли мутолиа созгор бошад. Аммо дар мавриди дигар бошад, ба сурати истиқбол аз андешаҳои
файласуфи дигар чунин таъкид мекунад: «Магар нашунидаӣ, ки бузургтар аз ту дигаре гуфтааст: «Сухане, ки ба дарди касон нахўрад, ҳеҷ магў». Ишорат ва таъкид ба ин сухани ҳакими дигар боз ҳам
ба хотири инкори гуфтаи болоист, ки нависанда бо
ҳамин усул мехоҳад онро ғайриқобили истиқбол
шуморад ва ҳатто қабл аз ин бо забони тунд ин фикри ўро мункир мешавад. Вале дар ҳар маврид ҳам
дар меҳвари ин шеваи таълифи нависанда ҳамоно
тазоҳури огоҳии вай аз афкори мутаноқизи фикриву фалсафии пешиниён таҷассум дорад, ки нависанда дар зимни ибтикори корбурди онҳо дар забони
насри хеш дарунмояи навиштаҳояшро тавассути ин афкор ғаноманд гардонида, боз ҳам дар тақвияти ҷанбаҳои фалсафиву ирфонӣ ва андешавии насраш иқдом намудааст.

пешина
аз 341
навбатӣ