Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«То замоне,ки инсон ба худ эҳтиром гузордандро наёмўзад,то вақте ки дар назди ҳақиқат рост истоданро ёд нагирад, дар олам муқаддасоти рости ба вуҷуд намеод».
Мисли ин ҷумлаҳои аккоси андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии устод Муҳаммадзамони Солеҳро метавон аз ҳар навиштаи ў ба касрат бурун овард, ки дар канори тақвияти ҷанбаи фалсафии забони насри вай ба тафаккури ҳакимонаву орифонаи шахсияти нависанда таъкид доранд. Барои худ дар дафтари қайдҳоям аз ин гуна фирқаву андарзнома, панду ҳикматҳои файласуфона устод фаровон рўйнависӣ кардаам, ки воқеан дар бисёр маворид бароям инсон паёми раҳнамоӣ медиҳанд ва ҳангоми тадрис дар донишгоҳ ҳам барои шогирдон аз онҳо қироат мекунам. Ҳатто гоҳе барои тақвияти ҷанбаҳои фалсафии навиштаҳои хеш устод ҷумалот ва порчаҳоеро аз осори фалсафиву ирфонии пешиниён ва ҳатто бо таъкиде аз фармудаи файласуфе, ки исмаш танҳо ба худи адиб маълум аст, бар кор мегирад. Масалан, дар қиссаи «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста» аз андешаи фалсафӣ ва ҳикматомези Мавлонои Балхӣ дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» чунин ба кор гирифта: « Гўё ман аз охири қарни бист каломи пурсафои Мавлоноро мешунавам: «Зинҳор магўед, ки фаҳм кардам.
Ҳарчанд беш фаҳму забт карда бошӣ, аз фаҳми азим дур бошӣ. Фаҳм ин бефаҳмист. Худ балову мусибат ва хирмани ту дар он фаҳм аст, туро он фаҳм банд аст, аз он фаҳм мебояд раҳидан, то чизе шавӣ»
(57). Бо ин шева низ нависанда донишҳои андўхта ва ҳикмати фалсафии анбошташро аз забони қаҳрамони

пешина
аз 341
навбатӣ